Узбакистон саноеъи ҳавоӣ-кайҳонӣ бунёд мекунад

Давлати Узбакистон ба вазорату созмонҳояш дастур додааст барномаи роҳбурдии бунёди саноеъи ҳавоӣ-кайҳониро барои солҳои 2018 – 2035 омода кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Барномаи роҳбурдии бунёди саноеъи ҳавоӣ-кайҳонӣ барои солҳои 2018 – 2035 дар пешнависи барномаи давлатии Узбакистон барои соли 2018 оварда шудааст.

Дар поёни соли 2017 раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев соли 2018-ро “Соли корофаринӣ ва фанновариву навоварӣ” эълом кард ва дастур дод то давлат барномае дар ин замина омода кунад. Имрӯз ин барнома барои баррасии умумӣ дар интернет мунташир шуд.

“Пешнависи санадҳои ҳуқуқии бозсозии санъати ҳавоӣ ва таъсиси саноеъи ҳавоӣ-кайҳонӣ бояд то 10 ноябри соли 2018 омода карда шаванд”, — гуфта мешавад дар ин барнома.

Ин барнома вазорату созмонҳои давлатиро масъул карда ки роҳбурди таъсиси саноеъи ҳавоӣ-кайҳонӣ барои солҳои 2018 – 2035-ро омода кунанд. Чунончи, дар назар гирифта шуда, ки Созмони саноеъи ҳавофазо ташкил дода шавад.

Бино бар ин барнома, саноеъи ҳавофазои Узбакистон бар пояи Корхонаи ҳавопаймосозии Тошканд бунёд хоҳад ёфт. Ин корхона дар соли 1941 бунёд шуда ва то чанд сол пеш ҳавопаймоҳои таробарии Ил-76 ва мусофирбарии Ил-114 месохт.

Дар соли 2014 ин корхонаи давлатӣ ба ширкати саҳомӣ табдил дода шуд ва барои ҳавопаймоҳо китъаҳои ядакӣ тавлид мекард. Ҳамакнун ин ширкат “Корхонаи механикии Тошканд” ном дорад ва бахше аз ширкати саҳомии “Роҳҳои оҳани Узбакистон” буда ва созаҳои сохтмонӣ, қитъаҳои ядакӣ барои худравҳо, мошинҳои кишоварзӣ ва қаторҳо тавлид мекунад.

Русия омода аст Узбакистонро дар бозсозии санъати ҳавопамосозияш ёрӣ кунад. Чунончи, муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин ҳангоми сафараш ба Узбакистон дар моҳи октябри соли 2017 гуфта буд, ки коршиносони русӣ имкони ҳамкории Корхонаи механикии Тошканд дар сохтусози ҳавопаймои русии Ил-114-ро баррасӣ хоҳанд кард. Дар он сафар Рогозин бо масъулини Узбакистон ҳамчунин дурнамои ҳамкории ду кишвар дар заминаи саноеъи кайҳониро низ баррасӣ карда буд.