Гап сари он буд, ки ин муҳоҷирон барои пешниҳоди дархост барои гирифтани иҷозатномаи истиқоматӣ ё шаҳрвандии Русия ҷамъ омада буданд. Аммо шумораи онҳо бо шумораи квотае, ки Ҳукумати Русия дар ин минтақаъ барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷудо кардааст, рост намеомад.
Дар соли 2018 барои ин вилоят ҳамагӣ 1000 квота ҷудо шудааст. Шаҳрвандони хориҷие, ки натавонистанд то имрӯз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд, бояд як соли дигар интизор шаванд.