ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ба гузориши хадамоти иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ, Сироҷиддин Аслов имрӯз бо ҳайъате аз масъулини қатарӣ дидору гуфтугӯ кард.
Ин ҳайъатро, ки бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад, мудири Дафтари ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Қатар ва ҳамзамон мудири иҷроии ширкати энергетикии "Небрас" (Nebras Power) Холид Муҳаммад Ҷулу раҳбарӣ мекунад.
"Дар ин дидор дурнамои равобити дусӯя ва роҳҳои тақкими онҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энержӣ, таробарӣ, гардишгарӣ, кишоварзӣ ва дигар заминаҳо баррасӣ шуданд", — гуфтанд дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Сафари ҳайъати қатарӣ ба Тоҷикистон дар чорчӯби тавофуқоте сурат гирифтааст, ки дар музокироти мақомоти баландпояи ду кишвар дар моҳи феврали соли 2017 дар Дуҳа ҳосил шуданд.