Шавкат Мирзиеёв барои сафар ба Тоҷикистон омодагӣ мебинад

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Шавкат Мирзиёев эълом карда, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон меравад. Дар ин бора шабакаҳои иттилоъотии Узбакистон хабар медиҳанд.

Раисҷумҳури Узбакистон зимни суханронӣ дар ҳузури вакилони вилояти Тошканд, рӯзи 6-уми январ хабар дод, ки кишвари ӯ бо давлатҳои ҳамсоя муносиботи хуб ба роҳ мемонад.

"Зеро ҳеҷ ҳамсояи бадро пас аз марг касе намебахшад"-гуфтааст Мирзиёев.

Раисҷумҳур ба феҳристи даҳ раҳбари таъсиргузор ворид шуд
    

Ҳамчунин раисҷумҳури Узбакистон эълом карда, ки барои сафар ба Тоҷикистон омодагӣ мебинад ва дар ин росто нахуствазири кишвар Абдулло Орипов ба наздикӣ ба Душанбе меравад.

"Мо қарордодҳои зиёде ба имзо мерасонем, роҳҳои оҳанро боз мекунем ва хатҳои барқро аз нав васл мекунем. Дигар масъалаҳои зиёдеро баррасӣ мекунем"-хабар дод Шавкат Мирзиёев.    

Ба гуфти ӯ бидуни муносиботи хуб бо ҳамсоякишварҳо таҳкими ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷ номумкин аст.

Мирзиёев гуфтааст, ки мехоҳад бо ҳамаи кишвраҳои ҳамсоя муносиботи дӯстона ба роҳ монад "вале об кардани яхи бистсола коре осон нест".

Ёдоварӣ мекунем, ки раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, ба даҳгонаи раҳбароне ворид шудааст, ки имкони тағйир додани вазъи сиёсии кишвари худ ва минтақаву ҷаҳонро доранд.