Бонувони Душанбе барои дарёфти Ҷоми Рустам Эмомалӣ қувваозмоӣ мекунанд

Бонувони пойтахт барои дарёфти "Ҷоми раиси шаҳри Душанбе" аз рӯи волейбол қувваозмоӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik.  Дар ин бора равобити умумии шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳокимияти шаҳри Душанбе ба мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бо иштироки бонувони сохторҳои вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи модар мусобиқаи волейболбозон барои дарёфти "Ҷоми  Раиси шаҳри Душанбе" оғоз гардидааст.

Дар мусобиқа 25 дастаи бонувон аз корхонаву муассисаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни худ қувва меозмоянд.

"Мусобиқа 6-уми январ бо бозии дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва "Насли солим"-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар остонаи Рӯзи модар  6-уми марти соли 2018 ҷамъбаст карда мешавад", —омадааст дар хабарнома.

Ғолибон бо "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд.