ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар ин бора расонаҳои расмӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки биноро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "БМД" бунёд намуда, маблағгузории онро, ки 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур бар уҳда дорад.
"Ин хонаҳои истиқоматӣ асосан барои мутахассисони ҷавон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудаанд", —омадааст дар хабарнома.
Сардори Раёсати иқтисоди ВМКБ Латиф Шоҳзода гуфтааст, ки "ҳукумати ҷумҳурӣ дар чанд соли охир ба масъалаи бо манзил таъмин намудани сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мекунад. Бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шароити манотиқи кӯҳистон шумораи оилаҳоеро, ки ба манзил ниёз доранд, коҳиш медиҳад. Аз сӯи дигар, бештари ин биноҳо дар замини бекорхобида сохта мешаванд ва деҳқонон аз боғу киштзори худ маҳрум намемонанд".
Ба гуфтаи сардори Раёсати иқтисоди вилоят, танҳо дар шаҳри Хоруғ беш аз 500 хонавода барои гирифтани хона дар навбат мебошанд. Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала ба бунёди биноҳои баландошёна оғоз намуд.
Дар вилоят тирамоҳи соли гузашта ду бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуданд ва ҳамзамон бинокорон ба бунёди бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ шурӯъ карданд.