Генерал Назарзода тартиботи ҷамъиятиро шабона пурзӯр кард

Барои иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД шабона дар хатсайрҳои муайянгардида тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майор Шариф Назарзода бо мақсади ошноӣ бо шароити хизматбарию маишӣ, кору фаъолият ва таҳлили натиҷаҳои хизматии Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия (БХДПМ) ба қароргоҳи ин воҳиди мақомот рафтааст.

Дар ин бора дар равобити умумии ВКД хабар дода шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, зимни вохӯрӣ бо милитсионерони баталиёни мазкур генерал гуфтааст, ки имрӯз бо фароҳам гардидани шароити мусоиди корӣ баҳри кормандони милитсия, фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ сол то сол беҳбуд гардида, ба як сохтори калидии кишвар мубаддал гардидааст.

"Сохта ба истифода додани биноҳои нави хизматӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо техникаву технологияи муосир, ки баҳри пешбурди фаъолият ва пешгирии ҷинояткорӣ равона гардидааст, аз кормандони мақомоти милитсия фаъолияти дучанд талаб карда мешавад", — гуфтааст ӯ. 

Зимни вохурӣ бо кормандони Баталиён сардори Раёсат бори дигар таъкид кардааст, ки бо дарки масъулият ва иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат шабона дар хатсайрҳои муайянгардида тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр карда шавад.

Генерал Назарзода сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе таъйин шуд

Ҳамчунин таъкид шудааст, ки кормандони Баталиёни мазкур шабона хатсайрҳои муайяншударо зери назорати қатъӣ гирифта, аз сар задани ҳаргуна амалҳои ношоиста, аз қабили дуздиву ғоратгарӣ, авбошиву бадмастӣ ҷилавгирӣ намоянд.

Дар ҷараёни нишаст, генерал Назарзода дастуру супоришҳои ВКД ва раиси шаҳри Душанберо ҷиҳати таъмини тартибот, қонуният, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон, бартараф намудани савдои кӯчагӣ ба ҳайати шахсӣ расонида, таъкид намуд, ки пойтахти кишвар, пеш аз ҳама бо ободу зебогии худ ва тартибу низом бояд фарқ кунад.

Доир ба беҳтар намудани натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии милитсионерони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас гирифтаанд.