Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Доналд Трамп ҳушдор дод

Вазорати умури хориҷаи Эрон пас аз як изҳороти раисҷумҳури Амрико дар Твиттер Доналд Трампро дар тавҳиномези зидди мардуми Эронро муттаҳам кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Бино гузориши "Парстудэй", Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар бораи исрори Трамп ба навиштани паёмҳои твиттерии мудохилаҷӯёна дар умури Эрон ва тавҳин ба эрониён гуфт, мавзеъгириҳои комилан ошуфтаи Трамп дар бораи эрониён мавзӯи ҷадид нест.

Бино бар иттилои манбаъ, Қосимӣ афзудааст, Трамп, ки ахиран, эрониёнро миллати террорист номида, бо ба кор бурдани номи сохтае барои Халиҷи Форс хашми эрониёнро дар саросари ҷаҳон барангехта буд, инак бо баҳонаи дилсӯзӣ барои мардуми Эрон ба миллате бо фарҳанги ғании чандинҳазорсола ва таъсиргузор тавҳин мекунад.

"Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ба Трамп тавсия кард, ба ҷойи дахолат дар умури дигар кишварҳо гуфтору кирдори некро сарлавҳаи кор худ қарор диҳад",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Рӯҳонӣ гуфт, озодии эътироз ҳаққи қонунии мардуми Эрон аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки "Трамп беҳтар аст, ба ҷойи ҳадар додани вақти худ барои ирсоли паёмҳои твиттерии беҳуда ва тавҳиномез дар бораи дигар миллату кишварҳо каме ба масоили дохилии кишвари худ ва мавзӯоте монанди қатли рӯзона даҳҳо нафар дар даргириҳои мусаллаҳона ва вуҷуди миллионҳо бехонумону гурусна дар Амрико бипардозад".

Ёдрас мешавем, пештар пас аз тазоҳуротҳо дар Эрон сухангӯи Қасри сафед гуфта буд, "Амрико тазоҳуротгарони эрониро дастгирӣ мекунад".

Сара Сандерс афзуд, "мо эътироф мекунем, ки шаҳрвандони Эрон бо роҳи осоиштагӣ ҳуқуқи эълом кардани фикри худро доранд. Аз тамоми сокинони кишвар даъват меорем, ки ин ҳуқуқи худро бо роҳи осоишта ҳимоя кунанд ва аз ҳама гуна амалҳое, ки боиси дастгирии сензура мешавад, даст бардоранд".