Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон 700 килограм василаи тарканда кашфу забт шуд

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзҳои ахир аз ду мавриди қочоқи маводи тарканда ба дохили кишвар ҷилавгирӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Ба нақли расонаҳои Тоҷикистон, дар мавриди нахуст нерӯҳои марзбонии мустақар дар хати марзи тоҷику қирғиз дар ноҳияи Мурғоб аз мошини як сокини ҳамин ноҳия ба номи Қашбой Мамбедқулов 700 килограм василаи тарканда кашфу забт карданд .

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангуи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, дар паи ин Қашбой Мамбедқулови 22 сола боздошт шудааст .

Мавриди баъдии қочоқи маводи тарканда ба мизони 100 килограм дар ноҳияи марзии Деваштич дар вилояти Суғд сабт шудааст .

Тибқи қонун, воридоту пахши маводи тарканда дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ аст.