Футзалбозони Тоҷикистон барои нишони биринҷӣ бо Ӯзбекистон зӯрозмоӣ мекунанд

© Фото : Федерация футбола ТаджикистанаТренер сборной Таджикистана по футзалу Пайрав Вахидов
Тренер сборной Таджикистана по футзалу Пайрав Вахидов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2024
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал, ки бозии ниманиҳоии Ҷоми Осиё - 2024-ро бой дод, бо ғолиби тими мағлуби ҷуфти Эрон - Ӯзбекистон зӯрозмоӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Футзалбозони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ, Пайрав Воҳидов барои нишони биринҷии Ҷоми Осиё - 2024 бо Ӯзбекистон зӯрозмоӣ мекунад.
Тими Ӯзбекистон дар бозии дигари нимниҳоӣ аз дастаи Эрон шикаст хӯрда буд. Бозии Тоҷикистону Ӯзбекистон 28 апрел дар назар аст. Дар финал Эрону Таиланд зӯрозмоӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё - 2024 бо соҳибони майдон тими Таиланд зӯрозмоӣ карда, дар даври зарбаҳои ҷаримавӣ бохт.
Бозӣ дар даври асосӣ нахуст бо пешсафии Тоҷикистон ҷараён дошт ва ҳисоб 3:1 буд. Аммо мунтахаби мизбон тавонист ҳисобро 3:3 кунад ва бозиро ба даври иловагӣ кашонд. Дар ин давр низ пирӯз муайян нашуд ва зӯрозмоӣ ба зарбаҳои ҷаримавӣ расид, ки дар он бахти тими меҳмон омад накард.
Гран-при по дзюдо в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2024
Мусобиқаи дигари бузурги ҷаҳонӣ ба Душанбе оварда мешавад
Қаблан дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бар тими миллии Афғонистон пирӯз шуд. Сабқат бо мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 2:1 анҷомид.
"Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфта, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024 шуд", - зикр намуда буд ФФТ.
Ҷоми ҷаҳон соли равон миёни мунтахабҳои футзал аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Инчунин пеш аз ин футзалбозони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 бо қаҳрамони феълии Осиё - Ҷопон зӯрозмоӣ карда, бозиро мусовӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд.
Ҳамин тариқ дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи "С" мақоми аввалро касб карда, ба даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок роҳ ёфта буд.
Дар даври аввал тими миллии футзали Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 бар мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ пирӯз гардида, дар даври дуюм бо тими миллии Қирғизистон мусовӣ 2 бар 2 бозӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0