Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳазор донишҷӯи чиниро қабул мекунад

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2023
Обуна шудан
Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон имзои тафоҳумномаи пазириши 1000 шаҳрванди чинӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Тафоҳумномаи пазириши 1000 шаҳрванди чинӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имзо шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Донишгоҳ.
Қарордоди ҳамкории байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва ширкати технологӣ-омӯзишии “Shangdon Daliangzao ”-и Чин пазириши мутақозиёни чиниро дар қолаби давраҳои ғайриҳузурӣ ва ҳузурӣ дар донишгоҳ оғоз мекунад.
Ин мувофиқатнома бар асоси дархосту интихоби 1000 фориғуттаҳсили муассисоти омӯзиши мутавассита ва донишкадаҳои чинӣ тадвин ва тасвиб шуд ва ҳайати мудираи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ин фориғуттаҳсилонро сабти ном хоҳад кард.
Имзои санад миёти МТС ва Иститути  Осиёи Марказии Донишгоҳи Шимолу Ғарбии Чин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Таъсиси "Маркази омӯзиши Тоҷикистон" дар Чин
Ҳуҷҷатҳои онҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ бар асоси қонун таҳия ва пазируфта ва тибқи муқаррарот дар идомаи қарордоди таҳсил гунҷонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Тоҷикистон дар бораи таъсиси "Маркази омӯзиши Тоҷикистон" дар Чин, ки барои муаррифии фарогири таъриху фарҳанги миллати тоҷик муҳим мебошад, хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0