https://sputnik.tj/20230604/khunsupori-nur-kumak-niyozmandon-video-1057537509.html
Хунсупорӣ дар "Нур" барои кумак ба ниёзмандон - видео
Хунсупорӣ дар "Нур" барои кумак ба ниёзмандон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Супоридани хун ё рӯзи донор дар ташкилоти ҷамъиятии "Нур" дар Маскав аз сӯи диаспораи тоҷикони муқими пойтахти Русия ба ҳукми анъана даромадаст
2023-06-04T14:30+0500
2023-06-04T14:30+0500
2023-06-04T14:30+0500
видео
муҳоҷирони корӣ
донор
хун
созмони "нур"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/04/1057537307_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_828cbac65c6671d87f0b8f7aacd08e99.jpg
Чорабинии хайриявии рӯзи донори хун дар созмони ҷамъиятии "Нур" теъдоди зиёди одамонро дар дафтари ин созмон гирди ҳам овард. Дар ташкилоти ҷамъиятии "Нур" маъракаи солонаи "Рӯзи донори хун" ҳамасола баргузор мешавад. Ҳама имкон доштанд омада, аз муоинаи пешакӣ гузаранд ва донор шаванд.Ташкилкунандагон мегӯянд, ин чорабинӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва хоҳишмандони кумак ба ниёзмандон майли афзоиш доранд. Махсусан дар давраи пандемия, ки талабот ба хун бештар шуда буд. СҶБ: Пандемияи коронавирус анҷом ёфтБархе аз иштирокчиёни чорабинӣ бо дӯстону бархеи дигар бо аҳли оилаашон омадаанд, то саҳмашонро дар кори нек гузоранд. Онҳое мегӯянд, хунашон метавонад боиси наҷоти касе гардад ва дар ин кори муҳим дасткӯтоҳӣ набояд кард. Аксияи хайриявии "Рӯзи донор" дар диаспораи тоҷикони созмони ҷамъиятии "Нур" дар якҷоягию ҳамкорӣ бо мақомоти тандурустии шаҳри Маскав сурат мегирад. Созмондиҳандагон нақша доранд, ки чунин чорабиниҳоро бештар баргузор намоянд. Дар ин корҳо мавқеъи фаъоли шаҳрвандӣ, шуури баланди иҷтимоӣ дар хоҳиши ҷалб шудан ба ҷомеа ва кумак ба одамон арзишҳое мебошанд, ки иштирокдорони маъракаро ба он ҷалб кардаанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/04/1057537307_16:0:976:720_1920x0_80_0_0_d781b41fdeab3b23271293b8d7a9dcd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯз, донор, созмон, ҷамъиятӣ, нур
рӯз, донор, созмон, ҷамъиятӣ, нур
Хунсупорӣ дар "Нур" барои кумак ба ниёзмандон - видео
Супоридани хун ё рӯзи донор дар ташкилоти ҷамъиятии "Нур" дар Маскав аз сӯи диаспораи тоҷикони муқими пойтахти Русия ба ҳукми анъана даромадаст
Чорабинии хайриявии рӯзи донори хун дар созмони ҷамъиятии "Нур" теъдоди зиёди одамонро дар дафтари ин созмон гирди ҳам овард.
Дар ташкилоти ҷамъиятии "Нур" маъракаи солонаи "Рӯзи донори хун" ҳамасола баргузор мешавад. Ҳама имкон доштанд омада, аз муоинаи пешакӣ гузаранд ва донор шаванд.
Ташкилкунандагон мегӯянд, ин чорабинӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва хоҳишмандони кумак ба ниёзмандон майли афзоиш доранд. Махсусан дар давраи пандемия, ки талабот ба хун бештар шуда буд.
Бархе аз иштирокчиёни чорабинӣ бо дӯстону бархеи дигар бо аҳли оилаашон омадаанд, то саҳмашонро дар кори нек гузоранд. Онҳое мегӯянд, хунашон метавонад боиси наҷоти касе гардад ва дар ин кори муҳим дасткӯтоҳӣ набояд кард.
Аксияи хайриявии "Рӯзи донор" дар диаспораи тоҷикони созмони ҷамъиятии "Нур" дар якҷоягию ҳамкорӣ бо мақомоти тандурустии шаҳри Маскав сурат мегирад.
Созмондиҳандагон нақша доранд, ки чунин чорабиниҳоро бештар баргузор намоянд.
Дар ин корҳо мавқеъи фаъоли шаҳрвандӣ, шуури баланди иҷтимоӣ дар хоҳиши ҷалб шудан ба ҷомеа ва кумак ба одамон арзишҳое мебошанд, ки иштирокдорони маъракаро ба он ҷалб кардаанд.