https://sputnik.tj/20221228/karzay-khostori-guftugui-baynulafghoni-1053863655.html
Карзай хостори гуфтугӯи байнулафғонӣ шуд
Карзай хостори гуфтугӯи байнулафғонӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар мусоҳиба бо “Вашингтон пост” гуфтааст, ки музокироти байни афғонҳо барои толибон низ муфид аст
2022-12-28T18:40+0500
2022-12-28T18:40+0500
2022-12-28T18:40+0500
афғонистон
толибон
низомиёни афғон
толибон
музокирот
ҳамид карзай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/73/1028777361_0:29:3104:1775_1920x0_80_0_0_bd9b57623601e93063d760dd0f2f4e10.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Гуфтугӯҳо миёни афғонон ҳам ба сӯди Иморати исломӣ ва ҳам ба сӯди Афғонистон аст, гуфт раисҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай дар гуфтугӯ бо “Вашингтон пост”.Вай афзудааст, ки ниёз аст то афғонҳо дар бораи бархе аз мавориди боҳам ба тавофуқ барисанд ва заминаро ба сӯии пешрафти фароҳами созанд.Оқои Карзай гуфтааст, ки дар бораи ниёзи гуфтугӯҳо миёни афғонон аз сӯии Иморати исломӣ низ тавофуқ вуҷӯд дорад, аммо дар бораи оғозу анҷоми он пешрафт лозим нашуда аст.Ҳомиди Карзай аз мунҷамид мондани захоири арзии Афғонистон ва ихтисос додани бархе аз ин захоир ба бастагони ҷонбохтагон ва бозмондагони ҳамлаи ёздаҳуми сентябр, интиқод кардааст.Оқои Карзай фирори Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешин аз кишварро иллати суқути низоми ҷумҳурият медонад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисиҷумҳури собиқи Афғонистон ба "Толибон" машварат дода буд, ки онҳо ба зудӣ як ҳукумати фарогир ташкил кунанд."Ҳукумат ба унвони сарпараст эълон шудааст. Умед ин буд, ки ҳамашумул бошад ва кӯшиш низ ин ҳаст, ки ҳамашумул шавад",- гуфтааст Карзай.Ёдовар мешавем, 7 сентябри соли гузашта толибон кобинаи муваққатиеро таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасани Охунд эълон карданд.Мавриди зикр аст, ки то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукумати толибонро эътироф накардааст.
https://sputnik.tj/20221204/nakhustin-safari-khoriji-karzay-1053267490.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/73/1028777361_209:0:2940:2048_1920x0_80_0_0_dfc4d7b724a3efe4fa0d665b447e025e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳомид карзай, раисҷумҳур, собиқ, гуфтугӯ, байнулафғонӣ, музокирот, толибон
афғонистон, ҳомид карзай, раисҷумҳур, собиқ, гуфтугӯ, байнулафғонӣ, музокирот, толибон
Карзай хостори гуфтугӯи байнулафғонӣ шуд
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар мусоҳиба бо “Вашингтон пост” гуфтааст, ки музокироти байни афғонҳо барои толибон низ муфид аст
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Гуфтугӯҳо миёни афғонон ҳам ба сӯди Иморати исломӣ ва ҳам ба сӯди Афғонистон аст, гуфт раисҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай дар гуфтугӯ бо “Вашингтон пост”.
Вай афзудааст, ки ниёз аст то афғонҳо дар бораи бархе аз мавориди боҳам ба тавофуқ барисанд ва заминаро ба сӯии пешрафти фароҳами созанд.
Оқои Карзай гуфтааст, ки дар бораи ниёзи гуфтугӯҳо миёни афғонон аз сӯии Иморати исломӣ низ тавофуқ вуҷӯд дорад, аммо дар бораи оғозу анҷоми он пешрафт лозим нашуда аст.
Ҳомиди Карзай аз мунҷамид мондани захоири арзии Афғонистон ва ихтисос додани бархе аз ин захоир ба бастагони ҷонбохтагон ва бозмондагони ҳамлаи ёздаҳуми сентябр, интиқод кардааст.
Оқои Карзай фирори Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешин аз кишварро иллати суқути низоми ҷумҳурият медонад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисиҷумҳури собиқи Афғонистон ба "Толибон" машварат дода буд, ки онҳо ба зудӣ як ҳукумати фарогир ташкил кунанд.
"Ҳукумат ба унвони сарпараст эълон шудааст. Умед ин буд, ки ҳамашумул бошад ва кӯшиш низ ин ҳаст, ки ҳамашумул шавад",- гуфтааст Карзай.
Ёдовар мешавем, 7 сентябри соли гузашта толибон кобинаи муваққатиеро таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасани Охунд эълон карданд.
Мавриди зикр аст, ки то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукумати толибонро эътироф накардааст.