Нахустин сафари хориҷии Карзай пас аз яку ним соли хонанишинӣ

© Sputnik / P. MamaghaniБывший президент афганистана Хамид Карзай
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2022
Обуна шудан
Сафари Раисҷумҳури пешини Афғонистон пас аз яку ним соли мамнуъи сафарараш аз сӯйи толибон ба хориҷ ба яке аз кишварҳои хориҷӣ сафар кардааст
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ба нақл аз манобеъ дар Кобул, раисҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай барои нахустин бори пас аз рӯйи кор омадани толибон дар Афғонистон, тавонист ба хориҷ аз кишвари сафари намояд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ Ҳомид Карзай ба тарафи Олмон роҳсипор шудааст.
Қобил зикраст, ки пеш аз ин гузоришҳое дар бораи мамоният аз сафари Ҳомиди Карзай ба хориҷ аз Афғонистони мунташир шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, бархе манобеъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки Ҳомид Карзай барои дармонии бимориаш ба хориҷ аз кишвар сафар карда аст.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2022
Толибон: Ҳеч таҳдиде аз Афғонистон мутаваҷеҳи Исломобод нест
Манбаъ илова кардааст, ки наздикони оқои Карзай то кунун дар ин маврид чизе нагуфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи августи соли гузашта гурӯҳи толибон баъд аз эълони Амрико дар бораи хуруҷаш аз Афғонистон вориди шаҳри Кобул шуданд. Аксари мақомдорони даврони ҷумҳури Афғонистонро тарк карданд. Аммо Карзай ва Абдулло Абдулло дигар чеҳраи намоёни сиёсии Афғонистон кишварро тарк накарданд.
Толибон чанде пеш эълон карда буд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай дар хонаашон бандӣ шудаанд. Аммо намояндагони ҳукумати толибон чанде пеш ба Абдулло Абдулло иҷозаи сафар ба хзориҷро дода буд.
Лентаи хабарҳо
0