Манбаъ: Ҳайати Русия мунтазири ҷониби Украина барои музокирот аст

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины
Флаги России и Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Ҳайати Русия ҷониби Украинаро барои музокирот интизор аст, ки он дар назар аст, соатҳои наздик барпо шавад
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ҳайати музокиракунандагони Русия ҷониби Украинаро дар вилояти Гомели Беларус интизор аст, музокирот бояд субҳи душанбе, дар чанд соати наздик баргузор шавад, хабар медиҳад РИА "Новости" дар такя ба як манбааш дар доираҳои дипломатӣ.
"Мо мунтазири оғози музокирот ҳастем, аммо ҳайати Украина ҳанӯз наомадааст. Мулоқот бояд субҳи рӯзи душанбе дар вилояти Гомел, дар чанд соати наздик баргузор шавад", - гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.
Қаблан сиёсатшиноси беларусӣ Юрий Воскресенский, ки ба музокиракунандагон наздик аст, ба хабаргузории РИА "Новости" гуфта буд, Владимир Зеленский пас аз суҳбат бо раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко тасмим гирифтааст, ки як ҳайатро барои музокирот ба Беларус фиристад.
Вячеслав Володин в Российско-Таджикском (Славянском) университете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Раиси парлумони Русия: Зеленский метавонад Украинаро аз даст диҳад
Котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Беларус Анатолий Глаз қайд кард, ки макон аллакай омодааст ва мунтазири омадани ҳайатҳо ҳастанд.
Ёвари президенти Федератсияи Русия Владимир Мединский гуфт, ки Украина дар бораи музокирот дар вилояти Гомел ба мувофиқа расида, як ҳайати Русия ба он ҷо рафтааст.
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки пеш аз ин гуфтугӯи телефонии Лукашенко ва Зеленский сурат гирифтааст.
Баъдан Sputnik Беларус хабар дод, ки макони музокироти Русия ва Украина гузаргоҳи Александровка-Вилча хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал ба амалиёти безарарсозии Украина шуруъ кард. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар як паёми телевизионӣ гуфт, вазъ "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Қодиров гуфт, Путин бештар аз ҳама ғами мардуми Украинаро мехӯрад
Ба гуфтаи роҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвар хостааст, ки фармонҳои ҷиноии Киевро иҷро накунанд, силоҳҳои худро гузошта, ба хонаҳояшон раванд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарба назадаанд.
Вазорати дифоъ афзуд, ки марзбонони украинӣ "ҳеҷ гуна муқовимат нишон намедиҳанд", дар бархе маворид низомиён таслим мешаванд ва пас аз он имкони бозгашт ба назди хонаводаҳои худро доранд.
Лентаи хабарҳо
0