https://sputnik.tj/20220117/bozdosht-afvi-maqomdor-donishgohi-milli-1044860358.html
Боздошт ва афви мақомдори Донишгоҳи миллӣ: 2500 доллар барои дохилкунӣ гирифтаст
Боздошт ва афви мақомдори Донишгоҳи миллӣ: 2500 доллар барои дохилкунӣ гирифтаст
Sputnik Тоҷикистон
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз дастгир шудан ва афви як масъули Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ хабар дод
2022-01-17T13:18+0500
2022-01-17T13:18+0500
2022-01-17T17:46+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
маориф
қаллобӣ
боздошт
пора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1e/1032728306_0:893:2048:2045_1920x0_80_0_0_e3a7998ce0088b0ab764bcd1f9c54138.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ожонс боздоштшударо сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ дар раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Ба иттилои манбаъ, муттаҳам бо мақсади ба даст овардани даромади муфту безаҳмат бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хидматиаш аз шаҳрванд "А" барои дохил намуданаш ба ДМТ пул талаб кардааст. Тавзеҳ дода шуд, ки масъули ДМТ барои дохил кардан ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ожонс афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ масъули муттаҳам баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 2500 доллари ИМА дар ҷойи ҳодиса боздошт гардид. Маблағҳои гирифтааш ҳамчун далели шайӣ аз ӯ дарёфту мусодира гардидаанд. Мақомот мегӯянд, алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми қаллобӣ, бар асоси моддаи 247, қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, бо татбиқи Қонуни афв қатъ карда шуд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Қонуни афв қабул карда шуд, ки 17-умин афв дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад. Ба иттилои расмӣ, дар доираи афви охирин 11 ҳазору 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.
https://sputnik.tj/20220112/nigaroni-rektor-dmt-darsshikani-zabondoni-omuzgoron-1044742626.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1e/1032728306_0:701:2048:2237_1920x0_80_0_0_397fbae9b74a4f9bbc5b590e69d03bb2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талаб, пул, пора, дохилкунӣ, донишгоҳи миллии тоҷикистон
талаб, пул, пора, дохилкунӣ, донишгоҳи миллии тоҷикистон
Боздошт ва афви мақомдори Донишгоҳи миллӣ: 2500 доллар барои дохилкунӣ гирифтаст
13:18 17.01.2022 (Навсозишуда: 17:46 17.01.2022) Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз дастгир шудан ва афви як масъули Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ожонс боздоштшударо сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ дар раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, муттаҳам бо мақсади ба даст овардани даромади муфту безаҳмат бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хидматиаш аз шаҳрванд "А" барои дохил намуданаш ба ДМТ пул талаб кардааст. Тавзеҳ дода шуд, ки масъули ДМТ барои дохил кардан ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ талаб кардааст.
Ожонс афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ масъули муттаҳам баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 2500 доллари ИМА дар ҷойи ҳодиса боздошт гардид. Маблағҳои гирифтааш ҳамчун далели шайӣ аз ӯ дарёфту мусодира гардидаанд.
Мақомот мегӯянд, алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми қаллобӣ, бар асоси моддаи 247, қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, бо татбиқи Қонуни афв қатъ карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Қонуни афв қабул карда шуд, ки 17-умин афв дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад. Ба иттилои расмӣ, дар доираи афви охирин 11 ҳазору 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.