https://sputnik.tj/20211211/nazarboev-sabab-poshkhuri-sssr-guft-1044094517.html
Назарбоев сабабҳои пошхӯрии ИҶШС-ро гуфт
Назарбоев сабабҳои пошхӯрии ИҶШС-ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ президенти Қазоқистон Назарбоев иқтисоди тоталитариро сабабҳои пошхӯрии СССР номид.
2021-12-11T19:38+0500
2021-12-11T19:38+0500
2021-12-13T14:26+0500
сиёсат
нурсултон назарбоев
ссср
пошхӯрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102886/48/1028864851_0:0:2714:1528_1920x0_80_0_0_9a0d68cf64fc98823372c9f5cff54410.jpg
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев чанд сабаберо, ки боиси пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шуданд, номбар кард. Ба қавли ӯ, захираҳои низоми сотсиалистӣ дар ҳоли тамомшавӣ буд ва инро раҳбарият бояд ба назар мегирифт. Назарбоев ҳамчунин қайд кард, ки ин ба набуди иродаи сиёсӣ дар миёни элитаҳои он замон рабт дошт. "Чунин дигаргуниҳо бояд дар шароити назму низоми роҳбарии қавӣ сурат мегирифт", - афзуд ӯ.Ӯ президенти пешини Чинро мисол овард, ки иқтисодашро аз нав барқарор карда тавонист.Назарбоев аз нооромиҳо дар ҷумҳуриҳои Назди Балтики Иттиҳоди Шӯравӣ низ ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо ба давлат ба таври сунъӣ пайваста буданд ва сатҳи зиндагӣ дар он ҷо нисбат ба дигар манотиқи кишвар беҳтар буд. Ғайр аз ин президенти собиқ кайд кард, ки 12 июни соли 1990 эълон шудани истиқлоли Русия барои ҷумҳуриҳои боқимонда як ишора буд. "Ин аст, ки мо ба фарҷом наздик шудем", - гуфт ӯ.25 декабри соли 1991, замоне ки раисҷумҳур Михаил Горбачёв дар паёмаш ба мардуми шӯравӣ дар бораи хатми ваколаташ хабар дод, ИҶШС моли таърих шуд.Қабл аз ин тавофуқномае, ки рӯзи 8 декабр аз ҷониби раҳбарони Русия, Беларус ва Украина ба имзо расид, поёни мавҷудияти СССР ва ташкили ИДМ-ро эълон карда буд.
https://sputnik.tj/20210309/Mushovir-Eltsin-SSSR-najot-1032967306.html
https://sputnik.tj/20210602/zuganov-gunahkor-posh-hurdani-sssr-1039916822.html
ссср
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102886/48/1028864851_0:0:2714:2036_1920x0_80_0_0_e1ae6087221f15c6db4f015cbcf14e48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
назарбоев сабаб пошхурӣ ссср
назарбоев сабаб пошхурӣ ссср
Назарбоев сабабҳои пошхӯрии ИҶШС-ро гуфт
19:38 11.12.2021 (Навсозишуда: 14:26 13.12.2021) Президенти пешини Қазоқистон иқтисоди тоталитариро сабаби пошхӯрии ИҶШС номид.
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев чанд сабаберо, ки боиси пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шуданд, номбар кард.
Ба қавли ӯ, захираҳои низоми сотсиалистӣ дар ҳоли тамомшавӣ буд ва инро раҳбарият бояд ба назар мегирифт.
"Роҳбарияти блоки иқтисодӣ мебоист инро сари вақт пай бурда, дар идора тағйирот медаровард", - гуфт сиёсатмадор дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 24".
Назарбоев ҳамчунин қайд кард, ки ин ба набуди иродаи сиёсӣ дар миёни элитаҳои он замон рабт дошт.
"Чунин дигаргуниҳо бояд дар шароити назму низоми роҳбарии қавӣ сурат мегирифт", - афзуд ӯ.
Ӯ президенти пешини Чинро мисол овард, ки иқтисодашро аз нав барқарор карда тавонист.
Назарбоев аз нооромиҳо дар ҷумҳуриҳои Назди Балтики Иттиҳоди Шӯравӣ низ ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо ба давлат ба таври сунъӣ пайваста буданд ва сатҳи зиндагӣ дар он ҷо нисбат ба дигар манотиқи кишвар беҳтар буд.
Ғайр аз ин президенти собиқ кайд кард, ки 12 июни соли 1990 эълон шудани истиқлоли Русия барои ҷумҳуриҳои боқимонда як ишора буд.
"Ин аст, ки мо ба фарҷом наздик шудем", - гуфт ӯ.
25 декабри соли 1991, замоне ки раисҷумҳур Михаил Горбачёв дар паёмаш ба мардуми шӯравӣ дар бораи хатми ваколаташ хабар дод, ИҶШС моли таърих шуд.
Қабл аз ин тавофуқномае, ки рӯзи 8 декабр аз ҷониби раҳбарони Русия, Беларус ва Украина ба имзо расид, поёни мавҷудияти СССР ва ташкили ИДМ-ро эълон карда буд.