Пиров дар Кангурт Кохи фарҳангро бо харҷи 15 миллион сохту президент онро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Обуна шудан
Соҳибкори ватанӣ Раҷабалӣ Пиров барои сохтмони бинои мазкур наздики 15 миллион сомонӣ масраф намудааст
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Сафари Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат ба ноҳияи Темурмалик идома дорад.
Дафтари матбуотии президент хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Кангурти деҳоти Кангурт бинои Кохи фарҳангро мавриди истифода қарор дод.
Ин бино бо харҷи 14 800 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҷабалӣ Пиров ба хотири 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.

"Бинои Кохи фарҳанг дар маркази деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик аз ду ошёна иборат буда, дар он муосиртарин шароити фаъолият барои аҳли фарҳанг ва баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ фароҳам мебошад", - омдааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 400 нафар бинокори ватанӣ ҳанӯз аз соли 2017 оғоз гардида буд.
Майдони умумии замини иншоот 5500 метри мураббаъро дар бар гирифта, худи бино дар масоҳати 900 метри мураббаъ қомат афрохтааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Президент бори дигар ба ноҳияи Темурмалик рафт
Кохи фарҳанг аз толори кинову консертӣ бо беш аз 500 ҷойи нишаст, толори хурд барои 50 ҷой, китобхона, 10 ҳуҷраи корию хидматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати дастгирӣ аз сиёсати муваффақи фарҳангии ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Ҳамзамон роҳбари давлат бо кормандони кохи навбунёд 30 асбоби гуногуни мусиқӣ ҳадя кард.
Лентаи хабарҳо
0