https://sputnik.tj/20211021/prezident-ba-nohiyai-temurmalik-raft-1043003419.html
Президент бори дигар ба ноҳияи Темурмалик рафт
Президент бори дигар ба ноҳияи Темурмалик рафт
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон тайи як сафари корӣ бори дигар ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон рафт. Сафари қаблии ӯ як моҳ қабл сурат гирифт, ки... 21.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-21T10:01+0500
2021-10-21T10:01+0500
2021-10-21T12:10+0500
эмомалӣ раҳмон
темурмалик
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042596354_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_3388304aabd9d866dfd3c7930f69b350.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон рафт.Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур чандин биноро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони маҳаллӣ мулоқоту дидорбинӣ хоҳад кард.Манбаъ меафзояд, "нахуст сарвари давлат дар ноҳияи Темурмалик бинои Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангуртро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд".Ба иттилои манбаъ, Коллеҷи тиббӣ бо шакл ва тарҳи ҷолиб бунёд шуда, аз се ошёна иборат ва имкони фарогирии 250 нафар донишҷӯйро дорад.Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баъд аз таъмиру азнавсозӣ боғчаи кӯдаконаи “Бону”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.Гуфта мешавад, таъмиру таҷдид ва таҷҳизи кӯдакистони “Бону” дар деҳоти Кангурт аз тарафи соҳибкор Акбар Асадулло бо масрафи зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ анҷом шудааст.Ин кӯдакистон ҳанӯз соли 1985 сохта шуда, имконияти фарогирии то 200 кӯдакро дорад.
https://sputnik.tj/20210923/rahmon-baljuvon-temurmalik-1042453343.html
темурмалик
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042596354_214:0:2031:1363_1920x0_80_0_0_5b2b88e953284e577be29452595b2f04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, темурмалик, хатлон
эмомалӣ раҳмон, темурмалик, хатлон
Президент бори дигар ба ноҳияи Темурмалик рафт
10:01 21.10.2021 (Навсозишуда: 12:10 21.10.2021) Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон тайи як сафари корӣ бори дигар ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон рафт. Сафари қаблии ӯ як моҳ қабл сурат гирифт, ки дар он чанд иншооти ҷашниро ифтитоҳ карда буд
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон рафт.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур чандин биноро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони маҳаллӣ мулоқоту дидорбинӣ хоҳад кард.
Манбаъ меафзояд, "нахуст сарвари давлат дар ноҳияи Темурмалик бинои Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангуртро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд".
Ба иттилои манбаъ, Коллеҷи тиббӣ бо шакл ва тарҳи ҷолиб бунёд шуда, аз се ошёна иборат ва имкони фарогирии 250 нафар донишҷӯйро дорад.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баъд аз таъмиру азнавсозӣ боғчаи кӯдаконаи “Бону”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.
Гуфта мешавад, таъмиру таҷдид ва таҷҳизи кӯдакистони “Бону” дар деҳоти Кангурт аз тарафи соҳибкор Акбар Асадулло бо масрафи зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ анҷом шудааст.
Ин кӯдакистон ҳанӯз соли 1985 сохта шуда, имконияти фарогирии то 200 кӯдакро дорад.