https://sputnik.tj/20210429/navjuvonov-marz-tojikiston-orom-1039141810.html
Генерал Навҷувонов дар марз: ӯ гуфт, вазъ зери назорат аст
Генерал Навҷувонов дар марз: ӯ гуфт, вазъ зери назорат аст
Sputnik Тоҷикистон
Генерал Абдулло Навҷувонов ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафт, ки дар он ҷой муноқишаи марзӣ миёни сокинон идома дорад.
2021-04-29T13:55+0500
2021-04-29T13:55+0500
2021-04-29T15:14+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
ноором
марз
муноқишаи марзӣ
абдулло навҷувонов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039144632_0:67:1281:787_1920x0_80_0_0_3230b3631ca3c9ec498ed0c65d6b3f27.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шамадов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, мутаасифона то ҳол вазъ дар марз ба эътидол наомадааст. Аммо ӯ изофа кард, ки зимнан намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса қарор дошта, барои ором шудани вазъ бо ҷониби Қирғизистон гуфтугузор доранд."Феълан раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва сардори раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва аз мардум даъват мекунанд, ки ором шаванд ва таъкид мекунанд, ки мақомот ин масъаларо зери назорати худ гирифтааст", - таъкид кард Зубайдулло Шомадов.Шомадов таъйид кард, ки баҳси дирӯза дар ҳақиқат аз назди нуқтаи обтақсимкунии "Головной", ки дар Тоҷикистон "Платина" низ мегӯянд сар шуд."Дар ҳоле, ки ҷониби Қирғизистон низ дар ин ҷо камераҳои мушоҳидавӣ насб карда буданд, баъди насби камера аз ҷониби Тоҷикистон дар рӯзи гузашта талаб карданд, ки камераро ҷониби Тоҷикистон бардорад", - таъкид кард вай.Дар пайи ин муноқиша шаби гузашта Хадамоти марзбонии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки он аз ҷониби сокинони ҳамсоякишвар сар зада, ҳатто дар он низомиён дар либоси мулкӣ истифода шудаанд, ки дар пайи он 7 сокини Чоркуҳ захмӣ шуданд.Субҳи имрӯз бошад Қирғизистон Тоҷикистонро дар сангандозӣ ва оташкушоӣ муттаҳам кард.Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.Ёдовар мешавем, муноқиша дар як минтақа сар зад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.Бино ба иттилои охирини расида аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон, тарафи Қирғизистон нахуст оташ кушодааст, ки дар натича ду тан сокинони дигар Чоркуҳ аз пешона ва пой захм бардоштаанд.
https://sputnik.tj/20210429/marz-qirghiziston-tojikiston-1039137169.html
https://sputnik.tj/20210429/qirghiziston-dehot-holati-favquloda-1039134208.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039144632_70:0:1209:854_1920x0_80_0_0_7f8bcdc9cabfc5ab5c73da08eb710617.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз, навҷувонов, аҳолӣ, тоҷикистон, қирғизистон, муноқиша
марз, навҷувонов, аҳолӣ, тоҷикистон, қирғизистон, муноқиша
Генерал Навҷувонов дар марз: ӯ гуфт, вазъ зери назорат аст
13:55 29.04.2021 (Навсозишуда: 15:14 29.04.2021) Дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ, генерал Абдулло Навҷувонов ба шаҳри Исфара дар марз бо Қирғизистон сафар кардааст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шамадов дар сӯҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон гуфт, мутаасифона то ҳол вазъ дар марз ба эътидол наомадааст.
Аммо ӯ изофа кард, ки зимнан намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса қарор дошта, барои ором шудани вазъ бо ҷониби Қирғизистон гуфтугузор доранд.
"Феълан раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва сардори раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва аз мардум даъват мекунанд, ки ором шаванд ва таъкид мекунанд, ки мақомот ин масъаларо зери назорати худ гирифтааст", - таъкид кард Зубайдулло Шомадов.
Шомадов таъйид кард, ки баҳси дирӯза дар ҳақиқат аз назди нуқтаи обтақсимкунии "Головной", ки дар Тоҷикистон "Платина" низ мегӯянд сар шуд.
"Дар ҳоле, ки ҷониби Қирғизистон низ дар ин ҷо камераҳои мушоҳидавӣ насб карда буданд, баъди насби камера аз ҷониби Тоҷикистон дар рӯзи гузашта талаб карданд, ки камераро ҷониби Тоҷикистон бардорад", - таъкид кард вай.
Дар пайи ин муноқиша шаби гузашта Хадамоти марзбонии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки он аз ҷониби сокинони ҳамсоякишвар сар зада, ҳатто дар он низомиён дар либоси мулкӣ истифода шудаанд, ки дар пайи он 7 сокини Чоркуҳ захмӣ шуданд.
Субҳи имрӯз бошад Қирғизистон Тоҷикистонро дар сангандозӣ ва оташкушоӣ муттаҳам кард.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Ёдовар мешавем, муноқиша дар як минтақа сар зад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Бино ба иттилои охирини расида аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон, тарафи Қирғизистон нахуст оташ кушодааст, ки дар натича ду тан сокинони дигар Чоркуҳ аз пешона ва пой захм бардоштаанд.