ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҷомеаи Тоҷикистонро тайи ду моҳи охир хабарҳо дар бораи ҳолатҳои дастдарозӣ ба кӯдакон ба даҳшат афканд. Танҳо тайи ним соли охир аз 16 ҳолати озори ҷинсии кӯдакон хабар дода шуд. Ин танҳо ҳолатҳоеянд, ки расонаӣ шуданд. Ҳадс задан мумкин, ки чӣ қадар чунин қазияҳо воқеан дар кишвар рух медиҳанд.
Ҷабрдидаи яке аз чунин ҷиноятҳо ҳамагӣ сесола аст. Дар пайи ҷарроҳии чандсоата кӯдак қариб як моҳ дар шуъбаи эҳё бистарӣ буд. Маврид ба зикр аст, ки “пай”-и хешон дар чунин ҳолатҳо бештар ба назар мерасад.
Ин мушкил ба таври ошкоро дар сатҳи Ҳукумат низ баррасӣ шуд: омбудсмени кӯдак аллакай 5 муроҷиат дар ин бора гирифта, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи корӣ аз Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ хост, чораҳои ҷиддиро барои пешгирии ҷиноятҳо нисбати кӯдакон амалӣ созанд.
Sputnik Тоҷикистон бо ҳомиёни ҳуқуқ ва равоншиносон масъалагузорӣ кард, ки оё мешавад кӯдакозории ҷинсӣ – педофилияро решакан кард ва чигуна осеби ҷисмонию равонии кӯдакони ҷабрдидаро табобат кард.
Душмани асосӣ – хомӯшист
Мавҷи хабарҳои пурсарусадо дар бораи озори ҷинсии кӯдакон дар Тоҷикистон тобистони гузашта сар зад. Қариб паи ҳам дар бораи бадрафторӣ нисбати духтарчаи 12-сола аз Ҳисор, духтарони 12 ва 14-сола дар Душанбе, кӯдаки сесола дар пойтахт (ҷинояткор ҳабси абад гирифт), духтари 16-сола дар Данғара, духтарчаи 11-сола дар Рӯдакӣ, бачаю духтарчаи 9 ва 10-сола дар Душанбе (падарандар ҳабси абад гирифт) хабарҳо нашр гардиданд.
Бисёре корбарони даҳшатзадаи интернет мавҷи бадрафторӣ нисбати кӯдаконро ба марзбандӣ рабт доданд, ки гӯиё одамон бекор монданду хушунаташонро нисбати кӯдакон зоҳир мекунанд. Мумкин пандемияи коронавирус вазъро шиддат бахшид, аммо Зулфия Раҳматова, роҳбари гуруҳи хайриявии “Нури Фирдавс” ва равоншиноси кӯдакон назари дигар дорад.
Ба гуфтаи Раҳматова, мушкил нав нест, кӯдакон солҳои гузашта низ мавриди озори ҷинсӣ қарор мегирифтанд. Аммо танҳо ахиран ҷомеа ба баррасии ин масъала оғоз кард.
“Чунин ҳолатҳо ҳамеша буданд, аммо дар бораашон намегуфтанд. Оилаҳое, ки дар онҳо бадрафторӣ сурат гирифтааст, аз таънаи мардум метарсанд. Ҳозир ҳама чиро дар интернет нашр мекунанд, одамон медонанд, ки агар мардум огоҳ шавад, мақомот зудтар вокуниш мекунанд. Бояд фавран коре анҷом дода шавад. Мо аллакай бо номаи расмӣ аз мақомдорон хостем, кӯдаконро ҳимоя кунанду қонунҳоро сахттар кунанд”, - изҳор дошт Раҳматова.
Ин фаъоли ҷамъиятӣ солҳои охир ба кӯдакон аз оилаҳои камбизоат кумак мекунад. Ӯ аз дохил ҷанбаҳои аз назар дури чунин ҷиноятҳои мудҳишро медонад. Бисёри вақт занҳо дар бораи зӯроварӣ танҳо солҳо пас қисса мекунанд. Хомӯшӣ ҳамеша аз оила оғоз мешавад – модар аз талоқ, латукӯб, бепулӣ, таънаи ҳамсояҳо, рӯйгардонии хешутабор метарсад ва сукутро ихтиёр мекунад. Бисёриҳо танҳо тахмин мезананд, аммо метарсанд. Дар ин ҳолат бояд ҳақиқатро донист. Кӯдак ҳам хомӯш, чун аз ҷазо метарсад.
Вақте муҳри хомӯшӣ канда шуд, дар бисёри ҳолатҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ хомӯширо авло медонанд. Чунин парвандаҳо хеле тӯлонӣ “болои миз” мемонанд, баъзан ҷинояткорон аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.
Маҳз дар натиҷаи кори фаъолон ва нашрҳо дар интернет бисёре аз ҳодисаҳои даҳшатангез оммавӣ шуданду ҷинояткорон ҷазо гирифтанд.
Ахиран ба Зулфия зане муроҷиат карда, дар бораи аъмоли марди 46-сола нақл кардааст. Мард тақрибан дар маркази Душанбе мунтазам бо духтарони 10-сола аз оилаҳои камбизоат никоҳ мебастааст. “Арӯсон”-ро аз волидон кашида мегирифтаасту таҳдид мекардааст, ки онҳоро аз хонаи иҷорадодааш ба кӯча меронад. Ин мард якҷоя бо занаш амал мекардааст, ки аз аъмолаш хабардор будааст.
Аз таҳдидҳо натарсида Раҳматова фавран ба мақомоти милиса муроҷиат кардааст. Муайян шудааст, ки марди бисёрзана қаблан барои таҷовуз ва қаллобӣ суд шудааст. Далелҳо зиёд будаанд ва алайҳи ӯ аз рӯи бадрафторӣ ва бисёрзанӣ парванда оғоз шудааст.
“Ҳатто 8 сол пеш тасаввур кардан ғайриимкон буд, ки фаъолияти иҷтимоии мардум чунин вусъат меёбад. Қаблан масъалаи озори ҷинсии кӯдаконро сарфи назар мекарданд, аммо имрӯз касеро бетараф нагузошт. Он коре, ки мо анҷом медиҳем, албатта хатарнок аст. Аммо чӣ, ман бояд канорагирӣ кунам, вақте ба номуси кӯдак мерасанд, ё бо духтари 10-сола никоҳ мебанданд? Мо бояд чунин ҳолатҳоро решакан кунем”, - муътақид аст фаъоли ҷамъиятӣ.
Албатта танҳо ризокорон наметавонанд мушкилро ҳал кунанд, аммо онҳо таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ин масоил ҷалб мекунанду мақомотро ба вокуниш водор месозанд, ки ин ҳам кам нест.
Чеҳраи таҷовузгар
Майли ҷинсӣ ба кӯдакон – педофилия бештар мушкили мардон мебошад. Омори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, афроде, ки ба кӯдакон майли ҷинсӣ доранд, бештар мардонанд.
Гуруҳбандии ҷаҳонии бемориҳо педофилияро марбути марази равонӣ ва рафторӣ медонад. Аммо раёсати ташхисию омории бемориҳои равонӣ дар ИМА педофилияро бемории равонӣ намедонад, бо як тавзеҳ: то замоне, ки инсон ба дигарон осеб нарасонад.
Дар бораи бадрафторӣ нисбати кӯдакон бояд гуруҳбандӣ кард: на ҳамаи онҳое, ки даст ба педофилия задаанд, таҷовузкоранд. Яъне бисёриҳо на зӯрӣ балки мулоимиро кор мебаранд, ки ин зиштии амалу ҳаракаташонро кам намекунад.
Анна Левченко, ҳамоҳангсози ҳаракати “Сдай педофила” (Кӯдакозорро биспор), ки соли 2018 ба таҳқиқи таҷовузу қатли Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсола таваҷҷуҳи оммаро ҷалб намуд, чунин шарҳ дод:
“Педофилия бемории равонӣ нест. Ин майли ҷинсиест, ки инсон метавонад онро идора кунад. Яъне педофилҳо девонахӯ нестанд, ки дар даромадгоҳҳо ҳамла мекунанд. Онҳо хеле рӯшан медонанд, ки амали мамнӯъ содир мекунанду ба кӯдак осеб мерасонанд, аммо бо вуҷуди ин ба ҷиноят даст мезананд. Одатан педофилҳо аввал талош мекунанд “ворид”-и мағзи кӯдак шаванду ӯро муътақид созанд, ки гӯиё ихтиёран ба ин кор даст мезанад. Дар мавриди Ҳувайдо ин маняк буд. Чунин девонахӯҳо камтар аз 1 дарсаданд”, - шарҳ дод ӯ.
Амакию тағоӣ, ҳамсояҳои хушмуомила, муаллими меҳрубон, ҳамаи онҳо кӯдаконро чун волидон зуд-зуд мебинанд. Дар зимн метавонанд, муддати тӯлонӣ кӯдакро назорат кунанд, ба боварияш дароянд ва дар як лаҳза бадрафторӣ анҷом диҳанд.
Ҳаводиси ахир дар Тоҷикистон инро тасдиқ мекунанд: ҳамаи ҷинояткорон зоҳиран одамони маъмулӣ буданд, 23 – 37-сола, кор мекарданд, бархеашон оиладор буданд. Нимаи моҳи сентябр муаллими 34-солаи тарбияи ҷисмонии яке аз макотиби Душанбе барои ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбати 5 духтари ноболиғ ба 17 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.
Ин ҷо гап дар пандемия нест. Ба гуфтаи Левченко, марзбандиҳою гӯшанишинӣ танҳо ба афзоиши ҷиноёти дорои хусусияти шаҳвонӣ тариқи интернет, аз ҷумла таҳдид бо аксу наворҳои маҳрамона ва ғайра таъсир расонд.
Даҳшатовар он аст, ки қариб ҳамаи озордиҳандагони ҷинсии кӯдакон такроран ба ин ҷиноят даст мезананд.
“Чунин ҳолатҳо феълан дар ягон ҷои ҷаҳон табобат намешавад, аммо агар дар маҳбасҳо бо онҳо равоншиносон кор кунанд, теъдоди афроде, ки ҷиноятро такрор мекунанд, то 50 дарсад кам мешавад. Ба ҳар муҳлате, ки маҳкум шуда бошад, мо дақиқан медонем, ки вақте озод мешавад, боз даст ба ҷиноят мезанад”, - таъкид кард коршинос.
Масъалаи занон
Бо вуҷуди муҳим будани муҷозоти ҷинояткор, асосӣ – ин кор бо оилаҳое мебошад, ки дар онҳо фоҷиа рух дод. Хеле зиёд, вақте барои мисол падарандар нисбати фарзандон бадрафторӣ мекунад, гуноҳи модарон низ ҳаст, ки саривақт зуҳуроти номатлубро мушоҳида накарданд.
“Бисёри занони тоҷик, на танҳо дар деҳот, балки дар шаҳрҳо низ наметавонанд бо кӯдак муносиботи муътамад барқарор созанд. Онҳо духтаронро аз фикри атрофиён метарсонанд, ки “ҳамсояҳо чӣ мегӯянд”, “мардум чӣ мегӯяд” ва мутеъ буданро таълим медиҳанд”, - гуфт Раҳматова.
Бармеояд, ки зери тозиёнаи тарбия кӯдак дар вуҷудаш тарсро рушд медиҳад ва вақте бо ӯ ҳодисаи ҷиддие рух медиҳад, метарсад, ки пеши модар раваду дарди дил кунад. Дар ҳолатҳои буҳронӣ кӯдакон як ба як бо дард мемонанд.
Чунин ҳодиса соли 2018 рух дод, вақте падарандар тақрибан ду сол духтархонду писархондашро озори ҷинсӣ медод. Ҳодиса бо он аҷомид, ки духтар дигар тоб наоварда худаш ба милиса муроҷиат кард.
Ба гуфтаи Раҷабмо Ҳабибулозода, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, феълан маъракаи иттилоотӣ барои занон бо ҳадафи пешгирии чунин ҳаводис дар оянда хеле муҳим мебошад.
“Мо ният дорем, дар маҳалҳо бо сокинон вохӯрӣ гузаронем, гӯем, ки волидон ба фарзандонашон таваҷҷуҳ диҳанд”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ин ташаббусро равоншиносон низ дастгирӣ мекунанд.
“Дар макотиб бояд дарсҳо ё соатҳои ғайрисинфӣ дар мавзӯи зӯроварӣ гузаронда шавад ва бояд озодона дар бораи ҳаводис гуфту фаҳмонд, ки чӣ бояд кард”, - зарур хонд Раҳматова.
Чӣ бояд кард, вақте зан ба ҷиноёти ҳамсар, бародар ё амак чашм мепӯшад. Далелҳо метавонанд гуногун бошанд: яке метарсад, ки мушт мехӯрад агар ба касе гӯяд, дигарҳо намехоҳанд бовар кунанд, ки одами наздик метавонад чунин амал анҷом диҳад, сеюмиҳо садди равонӣ месозанд, ҳодисаи аёнро инкор месозанд.
“Педофилҳоро бисёр вақт занҳояшон ҳимоя мекунанд. Зеро барояшон шавҳар муҳимтар аз кӯдаки таҷовузшудаашон аст. Ман борҳо шоҳиди чунин ҳолатҳо шудаам. Як қаторҳо мисолҳо мавҷуданд, ки занҳо бо вуҷуди далелҳои муътамад ба ҳимояи шавҳарашон мехестанд. Кӯдакро на танҳо дастгирӣ намекард, балки дар туҳмат айбдор менамуду таъкид мекард, ки фоҷиае рух надодааст”, - нақл кард Левченко.
Ба гуфтаи ӯ, рӯйпуш кардани таҷовузкориҳо хусусияти миллӣ надорад. Гап сари тарбия мебошад. “Ҷанги хонаро ба кӯча набарор” – ҳамон пайраҳаи хатарнок аст. Агар бо ин пайроҳа равем, зӯроварӣ рух медиҳад, аммо касе наметавонад кӯдакро ҳимоят кунад.
“Ном бурдани ягона роҳи самараноки мубориза бо кӯдакозории ҷинсӣ ғайриимкон аст, чун ин ҷо бояд маҷмӯи чорабиниҳо бошанд. Аммо якум ва асосӣ, ки метавонам ном барам, ин муносиботи муътамад дар оила ва бекор кардани бархе мамнӯъсозиҳо мебошад. Бояд кӯдакон дарк кунанд, ки дастдарозии шаҳвонӣ қобили қабул нест. Онҳо бояд худро амн эҳсос кунанд, то дар бораи мушкилоташон бидуни тарс аз муҷозоти калонсолон нақл кунанд. Боварӣ дар оила ва омодагии ҷомеа барои кумак ба кӯдак бартар аз ҳар гуна тағйироти ҳуқуқӣ мебошанд. Бидуни тағйир дар шуури ҷомеа иловаҳо дар қонунгузорӣ коромад нахоҳанд буд. Бо ин шева ҷинояткорӣ кам нахоҳад шуд”, - тавзеҳ дод рооҳбари ҳаракати "Сдай педофила".
Ҷазои таҷовузкорон дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2004 мароторияи ҳукми қатл амал мекунад. Ҳукми қатлро бо ҳабси абад иваз карданд. Ҷазои истисноӣ танҳо барои куштори ваҳшиёна, тарроризм, таҷовуз, қатли ом, таҳия ва татбиқи силоҳи биологӣ нисбати гуруҳҳои алоҳидаи этникӣ ҳифз шудааст. Сангинтарин ҷазо нисбати занону ноболиғон умуман лағв шудааст.
Ҳанӯз аввали соли 2020 Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ҷонибдорияшро аз лағви мароторияи ҳукми қатл баён кард. Ӯ зикр кард, ки танҳо соли 2019 бо иттиҳоми терроризм беш аз 100 нафар аз ҳисоби қаблан маҳкумшудаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Акнун миёни ҷомеа даъватҳо барои баргардондани ҳукми қатл барои педофилу таҷовузкорон зиёдтар садо медиҳад. Тафсилоти ҷиноёти ваҳшиёна, ки ахиран нашр шуданд, яқинан бар зарари содиркунандагон мебошад. Волидони ҷабрдидагон мехоҳанд, маҳкумшудаҳо ҳеч гоҳ афв нашаванду 3-5 сол пас барои рафтори намунавӣ ба озодӣ набароянд.
Ба гуфтаи ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, Раҷабмо Ҳабибулозода, имрӯз гуруҳи махсуси корӣ ба таҳлили ин масъала машғул аст. Ин гуруҳ бандҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро дар бораи бадрафторӣ нисбати кӯдакон мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
“Ин ҷо Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ нисбати кӯдакон барои 2017-2022 шомил аст, ки дар доираи он такмили қонунгузорӣ барои ҳимояти ҷабрдидагон низ дар назар аст. Мо пешниҳод кардем, ки ҷазо барои зӯроварӣ нисбати кӯдак пурзӯр карда шавад. Аммо танҳо бо пурзӯр кардани ҷазо масъала ҳал намешавад, бояд масъаларо ҳам дар самти ҷазо ва ҳам дар бахши пешгирӣ баррасӣ кард”, - гуфт омбудсмен.
Ӯ қайд кард, ки феълан моддаҳои 138 (таҷовуз ба номус) ва 142 (ҳаракати бадахлоқона)-и Кодекси ҷиноӣ масъалаи ҷазо барои бадрафторӣ нисбати кӯдаконро танзим мекунанд.
“Ман чун як инсон, чун зан ин аъмолро ғайри қобили қабул медонам. Ин кӯдакро аз ҳуқуқи дахлнопазирии ҷинсӣ маҳрум мекунад. Дар ин робита ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон муҳим мебошад, аз ҷумла ёрии ҳуқуқӣ ва равонии ройгон ба оилаҳо”, - зарур хонд омбудсмени кӯдак.
Ӯ афзуд, ки мақомдорон дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллии Тоҷикистон ташаббуси сангинтар кардани ҷазо барои бадрафторӣ нисбати кӯдаконро ҷонибдорӣ намуданд.