Боз дастдарозӣ ба ноболиғон дар Душанбе: Ивакин ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҷлиси пӯшидаи судӣ Ивакин Вадим Виталевичи 34-соларо барои анҷоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбати ноболиғ ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ивакин,  шаҳрванди Тоҷикистон, таҳсилоташ олӣ, қаблан суд нашудааст, барои ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбати кӯдакон маҳкум шудааст.

Исанов Турғунҷони 35-сола, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси ноболиғон - Sputnik Тоҷикистон
Видеои эълони ҷазои Исанов барои таҷовуз ба номуси фарзандхонҳояш

Манбаъ таъкид кард, ки кирдори судшаванда Ивакин бо моддаи 139 –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки ҷазо барои ҳаракатҳои такрории дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати ду ва зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасидаро пешбинӣ мекунад, банду баст карда шуд.

Баҳси таҷовузи кӯдаки сесола дар ҷаласаи Рустами Эмомалӣ. Ӯ хост, ҷазоҳо сангинтар шаванд

Додгоҳ изҳор дошт, ки қисми 4 моддаи 139-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол пешбинӣ менамояд.

Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҷовуз ва қатли кӯдаки гадо дар истгоҳ дар наздикии Душанбе-видео

Додгоҳ таъкид намуд, ки ҳангоми таъини ҷазо,  хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти судшаванда, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад, ба назар гирифта, Ивакин Вадимро ба 17 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Таҷовуз ва қатли духтарчаи 11-сола аз сӯи як мард дар Рӯдакӣ: муттаҳам боздошт шуд

Манбаъ афзуд, ки нисбат ба ҳукми мазкур шикояти кассатсионии Ивакин Вадим ворид гардидааст, аммо додгоҳи Душанбе низ ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо бетағйир гузоштааст.

Лентаи хабарҳо
0