Мендкович: Узбакистон бозори хубе барои колоҳои Тоҷикистон мешавад

© Фото : Из личного архива Н. МендковичаНикита Мендкович, архивное фото
Никита Мендкович, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Никита Мендкович, мудири Бошгоҳи таҳлилии Уросиё, аз сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон натиҷагирӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бонкҳои Узбакистон барои пуштибонии молӣ аз содироти колоҳо ба Тоҷикистон то 100 милюн дулор сармоя ҷудо хоҳанд кард, хабар медиҳад дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев.

Ёдоварӣ мекунем, ки раисҷумҳур Мирзиёев 9 март бо сафаре дурӯза расман аз Тоҷикистон боздид кард. Дар раванди ин сафар ду кишвар чандин қарордоди тиҷорӣ ба арзиши беш аз 143 милюн дулор имзо карданд.

Ҳамчунин дар ин сафар тавофуқномае имзо шуда, ки бар асоси он бонкҳои Узбакистон барои пуштибонии молӣ аз содироти колоҳо ба Тоҷикистон то 100 милюн дулор сармоя ҷудо хоҳанд кард.

Мендкович: сотрудничество Таджикистана и Узбекистана взаимовыгодно

Коршинос Никита Мендкович ин қарордоду тавофуқномаҳоро баррасиву таҳлил кардааст.

"Равобит миёни Тоҷикистон ва Узбакистон даврони эҳёро аз сар мегузаронанд", — гуфт Мендкович дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай афзуд, ки бисёре аз мушкилот ва ихтилофот миёни ин ду кишвар ҳалл ва бартараф шуда ва мешаванд, зеро ки ҳамкорӣ ба суди ҳар ду кишвар аст.

Ин коршинос бар ин бовар аст, ки дар паи боз шудани марзҳо бо Узбакистон колоҳои тоҷикӣ бозори бузургеро ба даст меоранд, зеро ҷамъияти кишвари ҳамсоя се баробар бештар аз ҷамъияти Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0