ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Зане дар шаҳриТурсунзода ба мақомоти милитсия муроҷиат карда, шикоят бурдааст аз ҳамсари собиқаш озор дидааст. Илова бар ин собиқ шавҳараш пулҳояшро низ ғорат кардааст.
Ба нақли ин зан, рӯзи 17-уми октябр дар бозори шаҳри Турсунзода шавҳари собиқ бе ягон асос занро лату кӯб мекунад ва 400 сомонӣ маблағашро бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ гирифта, ғайб мезанад.
Гуфта мешавад, гумонбаршуда аз ҷониби корманжони милиса дастгир шуда, тафтишот идома дорад.