Раҳмон дар назди "Оташи ҷовидон" дар Боғи Ғалабаи Душанбе гулчанбар гузошт

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе дар маросими таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузуги Ватанӣ иштирок кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба боғи Ғалабаи пойтахт иштирок кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, қбл аз иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ президенти кишвар Боғи Ғалабаро, ки таъмиру навсозӣ шудааст, аз нав ба истифода дод.
Раисҷумҳур ҳамчунин аз осорхонаи Боғи Ғалаба ва бо намунаҳои қаҳрамонию фидокориҳои фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шинос шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои идомаи корҳои навсозӣ дар Боғи Ғалаба дастуру тавсияҳои иловагӣ дод.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин рӯз майдони баргузории гулчанбаргузорӣ идона оро ёфта, ҳайати шахсии оркестри ҳарбӣ ва иштирокдорони маросим саф кашида буданд.
Президенти кишвар ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки дар он ҷанги пурдаҳшат ҷон нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузошт.
Эмомали Рахмон возложил венки в честь 81-й годовщины Дня Победы.
Дар ин рӯз, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ аз Маҷлиси Олӣ ва Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз номи ҳукумати Тоҷикистон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузоштанд.
Ҳамчунин, аз Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар и Тоҷикистон, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбарҳо гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки Боғи Ғалаба дар теппаҳои қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе воқеъ буда, яке аз муҳимтарин маҷмааҳои ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии пойтахти Тоҷикистон мебошад.
Эмомали Рахмон возложил венки в честь 81-й годовщины Дня Победы.
Боғ ҳамчун рамзи эҳтиром ба қаҳрамонӣ ва фидокории мардум дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 майи соли 1975 ба муносибати 30-солагии Ғалаба ба истифода дода шудааст.
Дар маркази маҷмааи ёдгорӣ “Оташи абадӣ” фурӯзон аст, ки дар назди он ҳамасола ба хотири пос доштани хотираи қурбониёни ҷанг маросими гулгузорӣ сурат мегирад.