Таҷлили бошукӯҳи 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Суғд

Дар майдони шаҳидони Ҷанги БузургиВатанӣ, воқеъ дармаркази вилоятиСуғд —шаҳри Хуҷанд 81-солагииРӯзи Ғалаба бошукӯҳ таҷлил гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, маросими гулгузорӣ ва ёдбуди шаҳидон баргузор гардид.
Дар ин бора дафтраи матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маросим Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони аҳли зиё, ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар ин маросим консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.
1 / 3
8 мая перед памятником мученикам Великой Отечественной войны 1941-1945 годов в городе Худжанд состоялось торжественное мероприятие, посвященное 81-й годовщине Дня Победы, с участием председателя Согдийской области Раджаба Ахмадзоды, председателя города Худжанд Фирдавса Шарифзоды, генерального консула Российской Федерации в городе Худжанд и других официальных лиц.
2 / 3

3 / 3

Иштирокдорон бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотираи неки шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ доштанд.
Раиси вилояти Суғд зимни суханрониаш таъкид кард, ки собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумат қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки соли равон бо иқдоми раҳбари кишвар барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Раиси Хатлон шахсан кӯмакпулии Раҳмонро ба собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ расонд
Мақомоти Суғд таъкид кард, ки маблағҳои раисҷумҳури кишвар аллакай ба собиқадорони ҷанг дастрас карда шудааст.
Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳар кадоме 25 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ супорида шуд. Ба шахсоне, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ фаъолият намудаанд, ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд.
Дар вилояти Суғд 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 39 нафар шахсони дар ақибгоҳ хизматкарда зиндагӣ мекунанд.