Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 81-умин солгарди Ғалаба табрик гуфт

Раисҷумҳури Русия, ба роҳбарон ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба муносибати 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ паёми табрикотӣ фиристод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин роҳбар ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик гуфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки Путин ба роҳбарон ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба муносибати 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ паёми табрикотӣ фиристод.
"Ба муносибати 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Владимир Путин ба роҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ ва инчунин мардуми Гурҷистон ва Молдова паёмҳои табрикотӣ фиристод", - қайд кардааст хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Президенти Русия дар паёмаш таъкид кард, ки дар ин рӯз мо ба падарон ва бобоёни худ, ки дар ҷабҳа китф ба китф ба зидди фашизм мубориза бурданд миннатдорӣ ва эҳтироми худро баён мекунем.
Таҷлили бошукӯҳи 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Суғд
“Ҳамчунин ба нафароне, ки дар ақибгоҳ заҳмат кашиданд ва пирӯзии деринтизорро бар истилогарони фашистӣ наздиктар карданд, арҷ мегузорем", - қайд кардааст Путин дар паёми худ ба роҳбарони кишварҳои хориҷӣ.
Путин дар паёмаш аз мардуми Гурҷистон ва Молдова даъват кард, ки хотираи рӯйдодҳои солҳои сахти ҷангро ҳифз кунанд ва ба наслҳои оянда анъанаҳои неки дӯстӣ ва кӯмаки мутақобиларо, ки мардуми кишварҳоро ба ҳам мепайванданд, расонанд.

Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар давраи ҷанг аз ҶШС Тоҷикистон тақрибан 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа даъват карда шуданд, ки аз онҳо қариб 100 ҳазор нафар барнагаштанд. 45 ҳазор нафари дигар барои кор дар корхонаҳо ба дигар минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуданд.
Аз миёни ҳамаи иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон 64 нафарашон бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.
Барои шуҷоат ва далерӣ дар мубориза бо фашизм 56 ҳазор тоҷикистониён бо ордену медалҳо сарфароз гардида, 15 нафар иштирокчиии ҷанг дорандаи комили се дараҷа ордени “Шараф” гардиданд.
ҶШС Тоҷикистон ба маркази эвакуатсия табдил ёфт, дар ҷумҳурӣ 29 беморхонаи тахлия ҷойгир буданд, ки дар он ҷо сарбозони Артиши Сурх аз ҷароҳатҳо ва захмҳо шифо меёфтанд. Ҷумҳурӣ ба ҷабҳа 650 ҳазор тонна ғалла, 178 ҳазор тонна нахи пахта ва 103 ҳазор мошин фиристод ва беш аз як миллиард рубли шӯравиро ба Фонди мудофиа ва силоҳсозӣ хайрия кард.