ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дод, ки агар онҳо ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба бо амри Киевро халалдор кунанд, кишвараш ба онҳо раҳм нахоҳад кард.
Ба гуфтаи вазир, душман кӯшиш мекунад, ки ин ҷашнро, ки барои русҳо муқаддас аст, вайрон кунад.
"Ман мехоҳам бо тамоми самимият ва масъулияти пурра бигӯям: агар он барномаҳое, ки ки фашистони эҳёгар дар Ғарб тавассути Украина мехоҳанд роҳандозӣ кунанд, рӯх диҳад, ба онҳо раҳм нахоҳем кард", - гуфт Лавров дар маросими гулчанбаргузорӣ дар лавҳаҳои ёдгорӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ.
Вай таъкид кард, ки Русия бояд ҳама гуна таҳдидҳои амниятиро, ки аз қаламрави Украина бармеоянд, бартараф кунад.
Рӯзи душанбе, дар ифтитоҳи нишасти Ҷомеаи сиёсии Аврупо дар Ереван, Владимир Зеленский изҳор дошт, ки паҳподҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина метавонанд ҳангоми паради 9 май ба Маскав ҳамла кунанд.
Вазорати дифоъ ин таҳдидҳоро ба назар гирифт ва ҳушдор дод, ки низомиён ба ҳама гуна кӯшишҳо барои халалдор кардани ҷашн бо ҳамлаи бузурги мушакӣ ба Киев посух хоҳанд дод.