ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба минтақаҳои Русия ҳамла карда, оташбасро, ки Владимир Путин ба шарафи Рӯзи Ғалаба эълон карда буд, вайрон карданд.
Вазорати дифоъ хабар дод, ки нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ аз аввали рӯзи ҷумъа беш аз 260 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро сарнагун кардаанд.
Аз ҷумла, як кӯдаки нӯҳсола ҳангоми зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ба бинои истиқоматӣ дар Елетси вилояти Липецк маҷрӯҳ шуд.
Душман инчунин кӯшиш кард, ки ба иншооти саноатӣ дар қаламрави Перм ҳамла кунад. Тибқи маълумоти пешакӣ, талафот ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Дар деҳаи Чалтири вилояти Ростов бист хонаи истиқоматӣ пас аз афтидани пораҳои ҳавопаймои бесарнишин зарар дидааст. Дар Таганрог, Батайск ва Ростов-на-Дону низ биноҳо зарар дидаанд.
Оташбас рӯзи ҷумъа эътибор пайдо кард ва то 10 май идома хоҳад ёфт. Дар ин муддат, ҷангандаҳои Русия ба маконҳои ҷойгиркунии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ё иншооти комплекси саноатии низомӣ дар дохили Украина ҳамла нахоҳанд кард.