Вазорати меҳнат ба муҳоҷирон: Ба ваъдаҳои кори сердаромад дар хориҷи кишвар бовар накунед

Мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки ба нафароне, ки дар кишварҳои хориҷӣ кори осону пули калон ваъда медиҳанд бовар накунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мая - Sputnik. Хадамоти мухочирати Тоҷикистон дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” аз муҳоҷирони меҳнатие, ки ба самти Русия сафар мекунанд хоҳиш кардааст, ки қонунӣ будани ҷойи кор ва маоши онро пеш аз сафар ҳамаҷониба санҷанд.

“Ба пешниҳоди ёру дӯстон ва дигар ашхоси шиносу ношинос дар бораи ёфтани кори сердаромад дар хориҷи кишвар бовар накарда, то кадом андоза асоснок будани кори ба шумо пешниҳод шударо тариқи интернет санҷед, яъне дақиқ намоед, ки оё дар асл чунин корхона вуҷуд дорад ё не, музди меҳнат вахориҷӣ шароити кориаш чӣ гуна аст”, - қайд кардааст ин ниҳод.

Вазорат ба муҳоҷирон маслиҳат додааст, ки ба шахсони тасодуфие, ки дар кишварҳои хориҷӣ кори осону пули калон ваъда медиҳанд ва ҳатто омодаанд, ки пули чиптаи ҳавопаймо ва дигар хароҷотҳои сафарро пардохт намоянд, бовар накунанд.
“Аксаран чунин афроди ҷиноятпеша бо хариду фурӯши одамон машғул буда, бо ваъдаҳои бардурӯғ муҳоҷирони меҳнатиро ба дом меафкананд ва қарзи калонеро ба гарданашон бор карда, ҳамчун ғуломи меҳнатӣ ё шаҳвонӣ истифода мебаранд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Сиёсати нави муҳоҷират дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик чӣ маъно дорад
Ин ниҳод роҳи аз ҳама хуб ва бехатари пайдо кардани кор дар хориҷи кишварро гуфтааст.
Ба гуфтаи вазорати меҳнат, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба идораҳо ва ташкилоту созмонҳои расмӣ ки бо масоили муҳоҷират машғуланд, муроҷиат намоянд .