Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Медведев шубҳа дорад, ки Ғарб созишҳо дар бораи Украинаро риоя хоҳад кард

Муовини раси Шӯрои амнияти Русия шубҳа кардааст, ки кишварҳои Ғарб созишҳои дар бораи Украина, инчунин созиши Минск-2-ро риоя хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мая - Sputnik. Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия ва раиси ҳизби "Русияи Воҳид" Дмитрий Медведев шубҳа дорад, ки Ғарб созишҳои эҳтимолиро дар бораи Украина амалӣ хоҳад кард, зеро ҳеҷ кас нияти иҷрои созишҳои Минскро надошт.
"Ҳеҷ кас ҷиддӣ қасд надошт, ки созишномаҳои Минскро амалӣ кунад, ки ҳадафи ягонаи онҳо, тибқи изҳороти оммавии кунунии Олмон ва Фаронса, додани вақт ба лӯхтакҳои Киев буд. Дар он сурат нархи созишномаи дар бораи ҳалли низоъ дар Украина чӣ хоҳад буд?", - навиштааст Медведев дар мақолае, ки дар RT нашр шудааст.
Дмитрий Медведев механизми машваратҳои мунтазам байни Киев ва Берлинро тавассути роҳбарони вазоратҳои дифоъ ва сиёсати хориҷии онҳо ҳамчун унсури "пайванди роҳзан" тавсиф кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев режими Киевро бо роҳбарияти Ироқ дар солҳои 1990 муқоиса кард
"Унсури дигар механизми машваратҳои мунтазам байни вазирони дифоъ ва хориҷа бо иштироки намояндагони ширкатҳои пешбари дифоъи хоҳад буд", - навиштааст Медведев.
Вай қайд кард, ки дар амал ин маънои онро дорад, ки Украина бояд таҳти назорати доимӣ бошад ва танҳо он чизеро истеҳсол кунад, ки нозиронаш ба ӯ мегӯянд.