ДУШАНБЕ, 7 мая - Sputnik. Суханони Владимир Зеленский дар бораи Русия аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ намехоҳад ба низоъ хотима бахшад.
Дар ин бора котиби собиқи матбуотии Зеленский Юлия Мендел дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X навиштааст.
Нашрияи Bloomberg дирӯз хабар дод, ки раҳбари режими Киев интизори ҳамлаи густардаи Русия дар тобистони имсол аст ва аз сарпарастони ғарбӣ силоҳҳои нав дархост кардааст.
"Ӯ дар бораи хотима додан ба ҷанг фикр намекунад, сарфи назар аз норасоии возеҳи қувваи корӣ ва системаҳои дифоъӣ", - таъкид кард Мендел
Қаблан маҷаллаи Foreign Policy бо истинод ба як дипломати номаълум хабар дода буд, мақомоти амрико бар он аст, ки Украина бидуни кӯмакҳои хориҷӣ ҳатто ду рӯз боқӣ монда наметавонад.
Ба гуфтаи дипломатҳои аврупоӣ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, бастаҳои кӯмаки минбаъда тавассути барномаи PURL "эҳтимол” мешаванд. Дар он инчунин қайд карда шудааст, ки намояндагони маъмурияти Доналд Трамп ба Киев "сигналҳои рӯҳбаландкунанда" намефиристанд.