ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки дар Русия қарор доранд, хоҳиш кардааст, ки ба қонун, фарҳанг, расму оин ва арзишҳои ҷомеаи Русия эҳтиром гузоранд ва бо аҳолии маҳаллӣ муносибати нек дошта бошед.
Ин вазорат қайд кардааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ҳангоми будубош дар Русия бояд меъёрҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, қоидаҳои одоби муошират, покизагӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва намуди зоҳирии муносибро риоя намоянд.
“Ба интихоби либоси мувофиқ вобаста ба ҷойи кор ва ҷойи ҷамъиятӣ диққат диҳед.Ба фарҳанг, анъана ва арзишҳои ҷомеаи кишвари иқомат эҳтиром гузошта, аз амалҳое, ки метавонанд боиси вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ ё таъсири манфӣ ба обруи шаҳрвандони Тоҷикистон гарданд, худдорӣ намоед”, - таъкид кардааст вазорат.
Ҳамчунин масъулини вазорат аз муҳоҷирон хоҳиш кардаанд, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷойҳои истироҳатӣ, марказҳои савдо ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои муқарраршударо риоя кунанд.
“Бо садои баланд суҳбат накунед, ба оромии шаҳрвандон халал нарасонед ва обруи худу ҳамватанони худро ҳифз намоед”, - хоҳиш кардааст вазорати меҳнат.
Вазорат қайд кардааст, ки будубоши қонунӣ, меҳнати расмӣ ва рафтори масъулона — асоси амният ва муваффақияти муҳоҷирон дар хориҷи кишвар мебошад.
Ин ниҳоди давлати ҳзамчунин аз муҳоҷирони меҳнатӣ хостааст, ки пеш аз сафар ба Русия ҳатман дар бораи мақоми худ дар барномаи мобилии "RuID" ё тариқи муроҷиат ба намояндагии расмии ВКД -и Русия дар шаҳри Душанбе, маълумот гиранд, то маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои вуруд, талаботи ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар маълумоти заруриро пешакӣ муайян намоед.
“Ҳангоми убури сарҳад мақсади сафарро дуруст нишон диҳед. Агар ҳадафи шумо фаъолиятӣ меҳнатӣ бошад, онро ҳатман қайд намоед”, - қайд намудааст вазорати меҳнат.
Ин ниҳод аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки пас аз ворид шудан ба Русия дар муҳлати муқарраргардида худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоранд.