ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Вазорати дифоъи Русия рӯзи душанбе эълон кард, ки агар режими Киев кӯшиш кунад, ба таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба халал расонад, Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ба маркази Киев ҳамлаи мушакии густарда анҷом хоҳанд дод.
Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки сарфи назар аз имкониятҳои худ, Маскав қаблан аз чунин ҳамлаҳо бо сабабҳои башардӯстона худдорӣ карда буд.
Вазорати дифоъи Русия ҳамчунин эълон кард, ки Русия интизор дорад, ки Украина ба оташбас бахшида ба Рӯзи Ғалаба ҳамроҳ шавад ва инчунин рӯзҳои 8-9 май оташбас эълон кунад.
Мувофиқи қарори президенти Русия Владимир Путин, оташбас ба шарафи пирӯзии мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзҳои 8-9 май эълон карда мешавад.
"Мо интизорем, ки ҷониби Украина ба он ҳҳамроҳ хоҳад шуд", қайд кард вазорати дифоъ.
Рӯзи душанбе Вазорати дифоъ ба муносибати Рӯзи Ғалаба 8 ва 9 май бо тарафи Украина оташбас эълон кард.