Кӯмакҳои башардӯстонаи Раҳмон ба сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шуд

Барои дастгирии саривақтӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии осебдида, тадбирҳои фаврӣ андешида шуда, рафти бартарафкунии офатҳои табиӣ идома доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида шаҳри Кӯлоб кумакҳои моддӣ дастрас карда шуданд, иттилоъ додааст ҳукумати кишвар.
Бо фармони раисҷумҳури кишвар ба аҳолии зарардида барои таъмини эҳтиёҷоти аввалия 230 тонна орд, 10 тонна шакар, 10 тонна макарон, 6,5 тонна биринҷ ва 6500 литр равғани растанӣ тақсим карда шуд.
Ҳамзамон барои фароҳам овардани шароити муваққатии зист 3 ошхонаи саҳроӣ, даҳҳо кат ва лавозимоти хоб, 350 хайма, 900 қолин, беш аз ҳазор маҷмуи либос ва пойафзоли кӯдакона дастрас гардид.
Илова бар ин, барои барқарорсозии зерсохтор ва шароити зиндагии аҳолӣ дастгоҳҳои таъминкунандаи об, садҳо метри мукааб тахта ва 60 тонна сӯзишвории дизелӣ расонда шудааст.
Ҳамчунин ба оилаҳо асбобу анҷоми рӯзгордорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ барои барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ расонида шуданд.
Маълум шуд, ки сели харобиовар ба чанд оила дар Кӯлоб зарар расонид
Қайд карда шудааст, ки дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ сохторҳои дахлдор бо ҳамоҳангии комил фаъолият намуда, тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Дар маҷмуъ расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии зарардида аз офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб барои барқарорсозии ҳарчи зудтари шароити муътадили зиндагии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Кӯлоб бар асари рух додани офати табиӣ, ки боиси обхезӣ ва омадани сел гардид, як қатор манзилҳои истиқоматӣ ва инфрасохтори ёрирасон зарар диданд.
Бар асари омадани сел дар шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расид ва се нафари дигар дар бемористон бистари гардиданд. Даҳҳо хонаҳои истиқомати зарор диданд.