Ҳукумати Суғд ба собиқадорони ҶБВ қариб ним млн сомонӣ медиҳад

Теъдоди иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Суғд, ки дар қайди ҳаёт мебошанд, дар арафаи иди Ғалаба 11 нафар арзёбӣ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ба муносибати 81-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иштирокчиёну маъюбони ин ҷанг кӯмакпулиҳои яквақта дода мешавад.
Дар ин бора ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ дода, афзуд инчунин шахсони дар ақибгоҳ фаъолиятдошта низ аз кумакпулӣ бархӯрдор хоҳанд шуд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ба собиқадорони ҶБВ ба миқдори 25 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар вилояти Суғд ҳамагӣ 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки ҳарду сокини ноҳияи Деваштич мебошанд.
Инчунин шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва дар ақибгоҳ кор кардаанд ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ ба 2 нафар иштирокчиёни ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ ва ба 39 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо 390 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.
Дар маҷмуъ маблағе, ки ҳукумати Суғд барои расондан ба собиқадорони ҷангу меҳнат ҷудо мекунад, дар маҷмуъ 440 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунни қарор аст, ки ба собиқадорон раҳбарони навоҳӣ ва раисҷумҳури кишвар низ кумаки яквақтаина расонад, ки ҳоло эълон нашқдааст.
Дипломатҳои рус дар Тоҷикистон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро табрик карданд
Ба гузориши ҳукумати Суғд, ба ифтихори Рӯзи Ғалаба, ки ҳамасола 9 май таҷлил мегардад, дар вилояти Суғд як қатор чорабиниҳо баргузор мешаванд.
Чорабинии вилоятӣ санаи 9 май, соати 8:00 дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҶБВ, дар мавзеи Панҷшанбе бо иштироки роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун, собиқадорон ва сокинон баргузор хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона санаи 8 май, соати 9:00 ташкил ва баргузор мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон солгарди Ғалаба дар ҶБВ ба таври густурда таҷлил мегардад ва он расман таътил мебошад.
Аёдати собиқадорону барномаҳои фарҳангӣ маърифатӣ одатан аз бандҳои барномаи таҷлили ин рӯз мебошанд.