Маълум шуд, ки сели харобиовар ба чанд оила дар Кӯлоб зарар расонид

Таъмини оилаҳои аз селу обхезӣ зарардида бо маводи аввалияи хӯрока ва ниёзи рӯзмарра яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мая – Sputnik. Бар асари офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб тахминан 850 оила зарар дидааст.
Дар ин бора дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иттилоъ дода шуд, хабар дод хадамоти матбуоти ҳукумати Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
"Зимни ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки тамоми сохторҳои дахлдор бояд корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табииро ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд",- афзудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки Комиссияи ҷумҳуриявӣ аллакай фаъолияти худро оғоз намуда, барои муайян кардани ҳаҷми пурраи хисорот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтори зарардида чораҳои мушаххас амалӣ менамояд.
Дар ин замина, таъмини оилаҳои зарардида бо маводи аввалияи хӯрока ва ниёзи рӯзмарра яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷаласа оид ба вазъи баамаломада ва тадбирҳои то имрӯз андешидашуда суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ тамоми имконияту захираҳои мавҷуда сафарбар гардидаанд.
Расулзода бо супориши Раҳмон аз макони обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб дидан кард
Таъкид гардид, ки корҳои тозакунии маҳалҳои осебдида, барқарорсозии инфрасохтори зарардида ва расонидани кумакҳои аввалия ба аҳолӣ босуръат идома доранд.
Сарвазири мамлакат ҳамзамон дастур додааст, ки дар минтақаҳои хавфнок корҳои мустаҳкамсозӣ ва пешгирӣ пурзӯр карда шуда, лоиҳаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва деворбандӣ дар кутоҳтарин муҳлат таҳия ва пешниҳод карда шаванд.