Тақвияти ҳамгироии ИИАО ва Узбекистон дар бахши логистика

ИИАО ва Узбекистон дар бораи нигоҳ доштани робитаҳои хуб барои амиқтар кардани равандҳои ҳамгироӣ таъкид карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) масъалаи пайвастани Узбекистон ба низоми транзити гумрукии ИИАО-ро баррасӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии комиссия.
Вазири ҳамкории гумрукии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Сергей Шкляев бо Фанил Қодиров, намояндаи ваколатдори ҳукумати Узбекистон дар ИИАО ва Ровшан Акрамов, намояндаи Кумитаи гумруки ин кишвар дар Русия дидору мулоқот кард.
"Ҷонибҳо масъалаҳои ҷории ҳамкории гумрукӣ ва қадамҳои минбаъдаро барои татбиқи лоиҳаҳои ҳамгироӣ, аз қабили ташкили мубодилаи иттилооти гумрукӣ ва ҳамроҳшавии Узбекистон ба Созишнома дар бораи Низоми ягонаи транзитии гумрукии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, баррасӣ карданд", - қайд кардааст манбаъ.
Ҷонибҳо ба татбиқи амалии Созишнома дар бораи истифодаи мӯҳрҳои навигатсионӣ барои пайгирии боркашонӣ дар ИИАО, инчунин манфиатҳои истифодаи онҳо барои тиҷорати бовиҷдон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд.
Вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё намояндагони Узбекистонро барои иштирок дар Форуми иқтисодии АвруОсиё, ки 28-29 май дар Остона баргузор мешавад, даъват кард. Дар давоми Форуми иқтисодии АвруОсиё-2026, блоки гумрукӣ ҷаласаи панелиро баргузор мекунад, ки ба рақамикунонии равандҳои гумрукӣ ва дурнамои ворид кардани унсурҳои зеҳни сунъӣ дар мақомоти гумрук бахшида шудааст.
Омодагии ИИАО барои роҳандозии бозори ягонаи молиявӣ
"Ҷонибҳо аҳамияти рушди муколама байни кишварҳои ИИАО ва Узбекистон, инчунин нигоҳ доштани робитаҳои системавӣ барои татбиқи ҳадафҳои амиқсозии равандҳои ҳамгироиро таъкид карданд", - таъкид намудааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Созишнома дар бораи истифодаи мӯҳрҳои навигатсионӣ барои пайгирии боркашонӣ дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 11 феврали соли ҷорӣ эътибор пайдо кард. Аз он вақт инҷониб, беш аз 30 000 мол дар дохили ИИАО бо истифода аз мӯҳрҳои навигатсионии электронӣ интиқол дода шудаанд.