ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Далер Ҷумъа вазири энергетӣика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии таҳти унвони "Саноатикунонии рақамӣ ва рушди энергетика аз нигоҳи олимону муҳаққиқон", ки дар Душанбе баргузор шуд, гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи энергетика ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошт.
Вай гуфт барои таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
“Аз ҷумла, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 30 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, айни замон 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 15 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд”, - таъкид кард Далер Ҷумъа.
Вазири энергетика қайд кард, ки Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо зиёда аз 2300 МВт иқтидорҳои нави истеҳсолии неруи барқ бунёд гардида, ҳамзамон даҳҳо зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқи 500, 220, 110 ва 35 кВ сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
“Айни замон, дар соҳаи энергетикаи кишвар марҳилаи нави ислоҳоту навсозӣ идома дошта, тадбирҳои муҳим ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, рақамикунонии низоми энергетикӣ, коҳиши талафоти техникӣ ва ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ амалӣ гардида истодаанд”, – таъкид кард вазир.
Далер Ҷумъа дар ин конфронс ҳамчунин масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисосро яке аз самтҳои калидӣ арзёбӣ намуд.
Вай июроз дошт, ки имрӯз бозори меҳнат ба муҳандисон, энергетикон, барномасозон, таҳлилгарон ва менеҷерони соҳавии дорои донишҳои муосир, малакаҳои рақамӣ ва забондон ниёз дорад.
Қайд гардид, ки дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ ва афзоиши талабот ба неруи барқ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бояд хусусияти амалӣ дошта бошанд ва натиҷаҳои онҳо дар амалияи соҳа васеъ ва самаранок истифода шаванд.