Камбудиҳоро ислоҳ кунед: Супориши раиси вилояти Хатлон ба мақомдорони вилоят

Раиси вилояти Хатлон аз иҷрои ғайриқаноатбахши уҳдадориҳои хизматии бархе аз раисони ноҳияҳо ва кумитаҳои заминсозӣ изҳорӣ нигаронӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар як ҷаласа аз мавҷудияти як қатор камбудиҳо дар самти ҷудо кардани қитъаи замин изҳори нигаронӣ намуд.
Хусусан раиси вилояти Хатлон ба ҳолатҳои ғайримақсаднок тақсим гардидани замин ба аҳолӣ барои сохтмони манзили зист, бинои баландошёна ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.
Вай дар ин ҷаласа таъкид кард, ки сарфи назар аз пешравиҳои назаррас дар баъзе соҳаҳо, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла тақсимоти ғайриқонунии замин ва иҷрои ғайриқаноатбахши уҳдадориҳои хизматии бархе аз раисони ноҳияҳо ва кумитаҳои заминсозӣ ба мушоҳида мерасад.
Раиси вилоят дар ҷалса қайд кард, ки ҳолати мазкур ба рушди муназзами соҳа ва беҳдошти шароити зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон: Юсуф Раҳмон аз чӣ нигаронӣ кард?
Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур дод, ки барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, пешгирии қонуншиканиҳову ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба роҳ мондани низоми шаффоф дар самти тақсимоти замин чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳамзамон, таъкид кард, ки аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба таври мунтазам ва фаврӣ маълумоти хаттӣ пешниҳод карда шавад.
Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми маҷлис ба роҳбарони сохторҳо ва мақомоти дахлдори соҳаи заминсозӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Раиси вилоят аз мақомдорон талаб кард, ки барои ҷорӣ намудани тартиботи қатъӣ ва баланд бардоштани масъулият дар фаъолияти хизматӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.