ДУШАНБЕ, 28 апр - Sputnik. Ҳамкории амниятӣ байни Русия ва Тоҷикистон бо назардошти вазъияти Эрон муҳим аст.
Ин нуктаро вазири дифоъи Русия Андрей Белоусов изҳор дошт.
Ӯ ин масъаларо бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Собирзода зимни мулоқоти роҳбарони вазорату идораҳои дифоъи кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек баррасӣ кард.
"Мо ҳамкории дифоъии Русия ва Тоҷикистонро ҳамчун омили калидии амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мешуморем", - гуфт ӯ.
Ӯ афзуд, ки ин на танҳо аз сабаби низоъ дар Эрон, балки аз сабаби афзоиши танишҳо дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ муҳим аст.
Белоусов таъкид кард, ки Вазорати дифои Русия ба рушд ва муҷаҳҳазгардонии ҳамаҷонибаи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мусоидат мекунад ва дар айни замон таҷрибаи ҷангии худро мубодила мекунад.
Раҳбари вазорат изҳор дошт, ки ҷониби Русия ба густариши ҳамкории дуҷониба байни сохторҳои низомӣ барои таъмини амнияти ду кишвар манфиатдор аст. Дар рафти музокирот, вазири дифои Тоҷикистон аз ҳамтои худ барои дастгирӣ ва тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ изҳори сипос кард ва имкониятҳои бузурги чунин ҳамкорӣ таъкид кард.
Қаблан, Белоусов бо вазири дифоъи Эрон Ризо музокирот анҷом дод, ки дар он ба чораҳои дастгирии кишвар дар низои шадид дар Ховари Миёна тамаркуз карда шуд.