40 сол аз офати табиӣ: Солномаи аксии офати Чернобил

26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисаи мудҳише ба вуқӯъ пайваст, ки таърихи энергетика бесобиқа мебошад
Sputnik
Таркиш дар реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил дар 26-уми апрели соли 1986 бадтарин фалокати нерӯгоҳи атомӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад.
Бар асари садама, ҳазорон нафар дар Украинаву Беларус ва вилоятҳои ҳаммарзи Русия ва ҳамин тавр, ҳазорон нафаре, ки аз саросари Иттиҳоди Шӯравӣ барои рафъи оқибаҳои фалокат сафарбар шуданд, заҳролуд шуданд.
Аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар барои рафъи оқибатҳои садама рафта буданд.
Як рӯз баъд аз садама ҳама сокинони шаҳри Припят ба минтақаи амн интиқол дода шуданд, баъдан аҳолии манотиқи даҳ километр дур аз Чернобилро кӯчониданд. Солҳои баъдӣ ҳукумати Шӯравӣ мардумеро, ки дар 30-километрии нерӯгоҳ мезистанд, ба дигар манотиқ интиқол дод.
Ёдрас мешавем, ки барои бартараф намудани оқибатҳои таркиш дар Чернобил беш аз 600 ҳазор нафар аз тамоми кишварҳои собиу Иттиҳоди Шуравӣ ҷалб карда шуда буд.
Sputnik Тоҷикистон аксҳои таърихиеро, ки дар соатҳои аввал баъд аз садама аксбардорӣ шудааст пешкаши тамошобинон мегузорад.
1 / 17

Ин акс чанд моҳ пас аз таркиш аз чархбол гирифта шудааст. Он реактори харобшудаи Чернобилро нишон медиҳад.

2 / 17

Бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил барои чен кардани сатҳи радиатсия ва безараргардонии минтақа аз чархболҳо истифода мебаранд.

3 / 17

Аъзои гурӯҳе, ки барои рафъи оқибаҳои фалокат омадаанд, ба ҷои ҳодиса мераванд

4 / 17

Сарбозон барои бартараф кардани оқибатҳои садама ба кор ҷалб карда шуданд.

5 / 17

Нафароне, ки барои рафъи оқибаҳои фалокат расиданд, омодагӣ мегиранд болои боми реактор атомии Чернобил бароянд

6 / 17

Мутахассисони соҳаи атомӣ барои бартараф намудани оқибати садама ба сӯи нерӯгоҳи атомии Чернобил равон ҳастанд

7 / 17

Мутахассисон боми реактори вайроншударо пас аз таркиш дар Нерӯгоҳи атомии Чернобил дар ҶШС Украина, 26 апрели соли 1986 тоза мекунанд.

8 / 17

Дозиметрҳо радиатсияро чен мекунанд.

9 / 17

Корманди Бозрасии давлатии бехатарии ҳаракати нақлиёти Вазорати корҳои дохилии ИҶШС ҳаракати воситаҳои нақлиётро аз минтақаҳои ҳамшафати Нерӯгоҳи атомии Чернобил назорат мекунад.

10 / 17

Рафъи оқибаҳои садама дар Чернобил

11 / 17

Мошине бо сипарҳои сурбӣ, ки барои рафъи оқибатҳои садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил истифода мешуд.

12 / 17

Рафъи оқибаҳои садама дар Чернобил, ки 26 апрели соли 1986 рух дод

13 / 17

Кормандони беморхонаи саҳроӣ пас аз садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил сержант В. Засекинро (дар марказ) муоина мекунанд.

14 / 17

"Рӯзномаи тобистонаи Чернобил." Силсила. Садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил. Ҷоизаи 1-уми акси World Press Photo Д"ар бахши илм ва технология", соли 1986.

15 / 17

Геннадий Грушевой (дар марказ), узви Шӯрои Олии Беларус ва раиси Кумитаи "Фарзандони Чернобил"-и Фронти Халқии Беларус, дар маркази ҷарроҳии кӯдакона ба аёдати кӯдаконе, ки аз садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил осеб дидаанд, омаданд.

16 / 17

Аксҳои оилавии сокинони деҳаи Чудяни, ки дар хонае, ки дар натиҷаи садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил бо радиатсия олуда шуда буд, боқӣ мондаанд.

17 / 17

Хонаи партофташуда пас аз садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил дар ҶШС Украина, 26 апрели соли 1986. Тамоми аҳолии минтақаи истисноии атрофи нерӯгоҳи атомӣ кӯчонида шуданд.