Тиҷорати вилояти Минск бо Тоҷикистон 1,5 баробар афзоиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар соли ҷорӣ низ нишондиҳандаҳо беҳтар шудаанд ва тиҷорат миёни вилоятӣи Минск ва Тоҷикистон тамоюли болоравӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Масъалаи тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни вилояти Минск ва Тоҷикистон дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Алексей Кушнаренко баррасӣ шуд.
Ин мулоқот дар доираи сафари раиси вилояти Суғд ба Беларус дар шаҳри Минск анҷом ёфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои байниминтақавиро мавриди баррасӣ қарор дода, аз густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ин дидор раиси вилояти Суғд қайд кард, ки ҳаҷми гардиши мол миёни вилояти Минск ва Тоҷикистон дар соли гузашта ба зиёда аз 53 миллион доллар расида, нисбат ба давраи қаблӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
“Нишондиҳандаҳои гардиши мол дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 27% афзоиш ёфта, интизор меравад, ки дар соли 2026 боз ҳам зиёд гардад. Ин омор аз густариши устувори ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни тарафайн шаҳодат медиҳад”, - гуфт Аҳмадзода.
Зикр гардид, ки вилояти Минск ба Тоҷикистон чӯб, шакар, доруворӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ содир менамояд. Дар навбати худ, аз вилояти Суғд ба Беларус маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ интиқол дода мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат таъкид намуд, ки барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, коркарди пахта ва чарм заминаҳои мусоид мавҷуданд.
Суғд мехоҳад аз Белорусия тухмиҳои хушсифати кишоварзӣ харидорӣ кунад.
Раиси вилояти Суғд дар ин дидор ҳамчунин аз тақвияти ҳамкориҳо дар самти саноати сабук ёдовар шуд, таъкид кард, ки ҳамаи ин захираву имкониятҳо бояд самаранок истифода шаванд.
Ҳамзамон, оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ ва коркарди он, бунёди корхонаҳои муосири коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин тавсеаи боғу токпарварӣ, истеҳсоли ангур, меваю сабзавот, хушкмева ва асал маълумот дод.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, маориф ва тандурустиро низ баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот пешниҳоди баргузории рӯзҳои фарҳангии вилояти Минск дар вилояти Суғд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иброз гардида, ҷониби Минск барои даъват ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2026" изҳори сипос намуд.
Ҷонибҳо мулоқотро қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ арзёбӣ намуданд.