ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сарвазири Эстония Кристен Михал барои маблағгузории барқарорсозии Украина ба молҳои Русия боҷ ҷорӣ карданро ҷонибдорӣ кардааст.
Дар ин бора. нашрияи Politico хабар додааст.
"Мо бояд барои ҷуброни зарар ба молҳои Русия боҷ ҷорӣ кунем", - навиштааст нашрия аз қавли ӯ.
Ба гуфтаи вазири Эстония, ин масъала аллакай баррасӣ мешавад. Михал инчунин қайд кард, ки дороиҳои мусодирашудаи Русия барои барқарорсозии Украина кофӣ нахоҳанд буд.
Рӯзи чоршанбе Money.pl бо истинод ба гузориши Citi Institute хабар дод, ки барои барқарорсозии пас аз низоъи Украина дар тӯли даҳ сол тақрибан 600 млрд доллар лозим аст.