Пешниҳоди Раҳмон дар бораи таъсис Комиссияи байнидавлатии энергетикии Осиёи Марказӣ

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон таъсиси Фонди наҷоти Аралро ҳамчун механизми муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа дар масоили идораи захираҳои обу экология медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал зимни суханрониаш пешниҳод намуд, ки дар чаҳорчӯби Фонди байналмилалии наҷоти Арал Комиссияи байнидавлатии энергетикии Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.
Раҳбари давлат иброз дошт, ки буҳронҳои бузурги экологӣ дар минтақа, аз ҷумла фоҷиаи баҳри Арал, аз мо тадбирҳои минбаъади муштаракро талаб менамояд.
“Дар давоми давраи гузашта, кишварҳо дар доираи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ташаккули майдони фарох барои муҳокимаи озоди масъалаҳои марбут ба ин буҳрон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мушкилот муваффақ шудем”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш аз рӯ ба рӯ шудан бо хатарҳо ва мушкилоти ҷиддии дорои хусусияти экологӣ дар минтақа ёдовар шуд.
Вай аз обшавии босуръати пиряхҳо, таназзули низомҳои экологӣ ва офатҳои табиии гуногуни вобаста ба об ёдовар шуд.
“Хокборишҳо, ки дар солҳои охир ба зуҳуроти бисёр маъмул табдил ёфтаанд. Хокборишҳо ҳам ба саломатии аҳолӣ ва ҳам ба пиряхҳо – манбаи асосии оби нӯшокӣ ва заминҳои кишоварзӣ – манбаи асосии даромади аксари аҳолии кишварҳои минтақа, таъсири манфӣ мерасонанд”, - таъкид кард раҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҳозирин даъват кард, ки барои бартараф намудани оқибатҳои манфии ин зуҳурот чораҳои муштараки қатъӣ андешанд.
Раҳмон: Обшавии пиряхҳо ба муҳити зисту зиёд шудани хавфи офатҳои табиӣ таъсир мерасонад
“Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он то 60 фоизи ҷараёни дарёҳои минтақа, манбаи асосии оби тоза, ташаккул меёбад, оқибатҳои ин офатҳоро башиддат эҳсос менамояд”, — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар чунин шароит, бояд ба истифодаи самараноки механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар масъалаҳои захираҳои об дар Осиёи Марказӣ афзалияти хосса дода шавад.
Кишвардори Тоҷикистон мутобиқсозии Фондро ба воқеияти замон барои таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи баҳри Арал муҳим шумурд.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон пайваста ҷонибдори такмили сохтории ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ — ҳуқуқии Фонд бо мақсади бахшидани самаранокии бештар ба фаъолияти он мебошад.
Мулоқот бо Тоқаеву Хачатурян: Раисҷумҳур бо ҳамтоёни қазоқу арманиаш чиро баррасӣ кард?
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва механизмҳои ҳамкорие, ки таъсис дода шудааст, намунаи мусбати истифодаи муштараки захираҳои обиро нишон медиҳанд.
“Мо бояд тадбирҳои истифодаи маҷмӯӣ ва оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳифзи онро пурзӯр намоем”, — таъкид карданд раҳбари Тоҷикистон.
Вай тезонидани татбиқи технологияҳои нави сарфакунандаи об ва энергия дар соҳаи кишоварзӣ, бахши коммуналӣ ва саноат, тайёр кардани насли нави мутахассисон, тавсеаи мубодилаи академикӣ ва таҳқиқоти муштараки илмию амалӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи об аз вазифаҳои аввалиндараҷа номид.