ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” таъкид кард ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақа ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил меёбанд.
Вай гуфт ин вазъият аз мо тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст ва дар ин ҳамоиш ҳамчунин гуфт, ки дар ҳудуди Тоҷикистон то 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва ин нақши муҳими низоми экологии кӯҳии Тоҷикистонро дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор дар минтақа собит менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки раванди босуръати обшавии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон тамоюли афзоиш дошта, ба вайроншавии тавозуни об, ба вуҷуд омадани таҳдидҳо ба муҳити зист ва зиёд гардидани хавфи офатҳои табиии вобаста ба об оварда мерасонад.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Кишвардори Тоҷикистон дар суханронии худ ба тамоюли нигаронкунандаи афзоиши басомад ва давомнокии зуҳуроти тӯфонҳои чанголудро дар кишварҳои минтақа, ки ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, таъкид намуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои пайвастаи Тоҷикистон дар доираи Раванди оби Душанбе барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим ёдрас шу.
“Имрӯз қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар марҳилаи татбиқи фаъол қарор дорад”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масъалаҳои мусоидат ба гузариши иқлимӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушд, густариши манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва мавзӯи баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ташаккули иқтисодиёти камкарбон таъкид кард.
Вай афзуд, ки барои Тоҷикистон рушди гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои тозаи энергия афзалияти стратегӣ дорад.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунӣ, сафарбарсозии сармоягузориҳои экологӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои бозории дастгирии рушди “сабз” аҳамияти хоса дорад.
“Ҳукумати Тоҷикистон барориши вомбаргҳои “сабз”-ро амалӣ менамояд. Ин қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии кишвар ба низоми ҷаҳонии маблағгузории устувори иқлимӣ мебошад”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон баррасии имконияти ташаккули марҳилавии бозори минтақавии карбонро барои дастгирии талошҳо дар самти коҳиши партовҳо ва ҷалби сармоягузориҳои нав ба мақсад мувофиқ шуморид.
Иброз гардид, ки ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологӣ қадами муҳим дар ҳалли масъалаҳои муҳити зист мебошад ва бо назардошти ин, дар Тоҷикистон Барномаи давлатии сабзкорӣ барои давраи то соли 2040 қабул гардидааст.
Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногуни давлатиро барои ҳифзи намудҳои беназир ва нодири ҳайвоноти кӯҳӣ фаъолона амалӣ мекунад.
“Ин ва дигар талошҳои мо барои ҳифзи муҳити зисти табиӣ ва таъмини муносибати эҳтиёткорона ба табиат нигаронида шудаанд”, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкории минтақавии экологӣ рушди василаҳои сохтории он ва таҳияи мавқеъҳои ҳамоҳангшудаи минтақавӣ дар арсаи байналмилалӣ зарур донист.
Региональный экологический саммит на тему "Общее видение устойчивого будущего".
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аз аҳамияти Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳоро, ки дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст, таъкид намуд.
Раҳмон дар поёни суханронии худ аз иштирокдорон даъват кард, ки дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки даҳаи сеюми моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат кунанд.
Дар интиҳои кори Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” Эъломияи муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, Барномаи минтақавии амал барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шуд.