Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина маҳбусони собиқро ба вилояти Суми интиқол додааст

Артиши Украина бо мақсади пеши роҳи артиши Русияро гирифтан ба минтақаи Суми нерӯҳои иловагӣ равон кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина собиқ маҳбусон-ҳамлаоварони полки 425-уми ҳамлаовари ҷудогонаи "Скала"-ро ба вилояти Суми интиқол додааст.
"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи интиқоли собиқи маҳбусон-ҳамлагарони полки 425-уми ҳамлаовари ҷудогонаи "Скала" ба самти Суми паҳн шуданд", - мегӯянд дар мақомоти амниятӣ.
Ба гуфтаи манбаи оҷонсӣ, отрядҳои монеавӣ аз ин полки ҳамлаовар низ ба вилояти Суми интиқол дода шудаанд.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қарори дирӯзаи Зеленский хашми мардумро дар Украина ба бор овард
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.