ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко изҳор дошт, ки Зеленский бинобар надоштани таҷрибаи кофӣ натавонист ҷилави миллатгароиро дар Украина бигирад ва онро решакан кунад.
Вай гуфт, ки миллатгароёни украинӣ дар онҷо бартарӣ ба даст оварданд.
"Аммо ӯ сиёсати Украинаро тағйир надод. Вай натавонист шӯру шавқи миллатгароӣ украиниҳоро, тағйир диҳад", - гуфт Лукашенко дар мусоҳиба бо RT.
Президенти Беларус қайд кард, ки Зеленский аз сабаби бетаҷрибагиаш бисёр равандҳоро идора накард.
"Миллатгароён бартарӣ доранд. Ӯ натавонист бо ин кор мубориза барад", - таъкид кард ӯ.
Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт, ки бо Владимир Зеленский ҳамдардӣ мекунад.
“Вай Украинаро "дар як фазое қабул кард ва бояд сиёсати онро тағйир медод, аммо ин корро накард”, гуфт ӯ.
Лукашенко дар мусоҳиба бо RT гуфт, ки ӯ бо Петр Порошенко муносибати хуб дошт ва ӯро хуб мешинохтю
“Ман Владимир Зеленскийро нисбатан хуб мешиносам. Бо вуҷуди ҳама танқидҳоям, ман аз бисёр ҷиҳат бо ӯ ҳамдардӣ мекунам. Ӯ Украинаро дар вақти мушкил қабул карда буд. Бале, ӯ бояд ин сиёсатро тағйир медод. Аммо ӯ ин корро накард", - зикр кард раҳбари Белорус.