Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилиро муҷозот кард

Бо вуҷуди беҳбуди умумии сифати алоқа дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, операторони мобилӣ қариб 170 миллион сомонӣ ҷарима шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон аз оғози парванда ва ваъзи ҷаримаҳо ба операторону раҳбарони соҳаи алоқа хабар дод.
Бино ба иттилое, ки маркази матбуотии Хадамоти алоқи Тоҷикистон дар ихтиёри Спутник Тоҷикистон қарор дод, аз моҳи декабри соли 2025 то апрели соли 2026 алайҳи операторони мобилӣ ва шахсони мансабдори онҳо 32 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ёфта, 167 ҳазору 472 сомонӣ ҷарима таъйин шудааст.
“Дар ин робита ба 4 ширкати мобилӣ муҳлатҳои мушаххас барои бартараф намудани камбудиҳо дода шуда, иҷрои онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор гирифт”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои маркази матбуотии Хадамоти алоқи Тоҷикистон, Ситоди доимӣ дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар микрорайонҳои 31, 32, 33 ва 34, бозорҳои калон, маҳаллаҳои гуногун, инчунин дар шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Роғун ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва минтақаҳои наздисарҳадӣ санҷиши сатҳу сифати хизматрасониҳо роҳандозӣ шуд.
“Натиҷаҳои санҷишҳо нишон доданд, ки дар маҷмӯъ сатҳи фарогирӣ ва сифати интернет дар аксари минтақаҳо қаноатбахш аст, аммо дар баъзе ҳолатҳо зарурати такмили инфрасохтор ва баланд бардоштани иқтидори шабакаҳо вуҷуд дорад”, - гуфт манбаъ.
Хадамоти алоқа сабаби суст шудани суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистонро гуфт
Ба қавли манбаъ, яке аз далоили беҳбуди алоқаву интернет ва дар умум асарбахшии кори Ситоди доимии Хадамоти алоқа пайгирии муроҷиатҳои шаҳрвандон, баррасии саривақтии шикоятҳо ва пешниҳодҳои истифодабарандагон аст.
“Ин имкон дод, ки як қатор мушкилоти техникӣ, аз ҷумла радиохалалҳо, ошкор ва бартараф карда шаванд. Яке аз манбаъҳои асосии халалрасонӣ истифодаи таҷҳизоти ғайриқонунӣ, аз қабили репиторҳои мобилӣ аст. Фаъолияти чунин таҷҳизот қатъ гардида, сифати хизматрасонӣ дар як қатор минтақаҳо беҳтар шуд. Муҳлати баррасии муроҷиатҳо аз 15 то 30 рӯзро ташкил медиҳад.”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон шаш ширкати мобилӣ фаъолият дошта, ба қариб 5,6 миллион мизоҷ хидмат мекунад.
Ситоди доимии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон 3 декабри соли 2025 ба хотири таъмини назорати доимии сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқа, ошкор ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва баланд бардоштани масъулияти операторони мобилӣ таъсис ёфта буд.