Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Сикорский: Лаҳистон ба вуруди босуръати Украина ба ИА иҷозат намедиҳад

Вазири хориҷаи Лаҳистон гуфт, ки кишвараш ба вуруди босуръати Украина ба Иттиҳодияи Аврупо иҷозат намедиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар барномаи родиоии “RMF FM” изҳор дошт, ки Лаҳистон ба пайвастани босуръати Украина ба Иттиҳоди Аврупо мухолиф аст.
"Масъалаи узвияти босуръат дар Комиссия (Комиссияи Аврупо) пайдо шудааст. Ин рӯх нахоҳад дод", - гуфт Сикорский.
Вай шарҳ дод, ки Лаҳистон пофишорӣ хоҳад кард то Украина ҳама шартҳои заруриро барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо иҷро кунад.
"Мо боварӣ дорем, ки Украина бояд ҳама шартҳоро иҷро кунад, ҳамон тавре ки мо онҳоро иҷро кардем", - гуфт вазири корҳои хориҷии Лаҳистон.
Дар моҳи июни соли 2022 Иттиҳодияи Аврупо ба Украина ва Молдова мақоми номзад барои иттиҳодияи ҳамгироӣ дод ва якчанд шартҳои қатъиро барои оғози расмии музокироти пайвастан муқаррар кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия ҷангандаҳои F-16 ва Mirage-и нерӯҳои ҳавоии Украинаро нобуд карданд
ИА борҳо эътироф кардааст, ки ин қарор асосан рамзӣ буд: барои дастгирии ин давлатҳо дар муқовимати онҳо бо Русия. Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков узвияти ИА-ро ҳуқуқи соҳибихтиёрии Киев номид. Гирифтани мақоми номзад танҳо оғози раванди тӯлонии пайвастан ба ИА аст. Туркия аз соли 1999, Македонияи Шимолӣ аз соли 2005, Черногория аз соли 2010 ва Сербия аз соли 2012 номзад мебошанд. Хорватия охирин кишваре буд, ки ба ИА ҳамроҳ шуд ва ин раванд даҳ сол тӯл кашид.